Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки хар ба пеш ҷаста каманд таранг шуд, сонияе ҳама нафас набароварда истоданд. Баъд вай чароғпоя шуд ва гӯё аз дилаш тир хӯрда бошад, гумбурросзанон ба тахтапушт афтид.

Вале хар ҳанӯз зинда буд — ҳалқаи каманд сахт кашида шуда, фақат гулӯяшро мефушурд. Мексикои бо мачете тез гардани ӯро бурид.

Ин воқеа боиси монеати саршавии шикор гардид. Ҳама маътал буданд, ки Морис-мустангер чӣ иқдом мекунад.

Ӯ ҷаста аз асп фуромад ва ба хари мурда наздик шуд, ки лассоро гирад... Аммо дар ҳамин вақт дар ҳаракатҳои марди ирландӣ саросемагӣ ҳис карда шуд, ки зоҳиран, кадом як изтироби нав боиси он гардида буд.

Морис ба назди аспаш тохт.

Аз ҳозирон фақат баъзеҳо ногаҳон бесаришта шудани мустангерро диданд — аксарияташон бо аспони ҳаросони худ андармон буданд. Ононе ки пайха карда буданд, дар тааҷҷуб монданд. Андаке пеш аз ин мустангер худаш саросема нашавед гуфта ташвиқ карда буд. Онҳо барои якбора дигар шудани рафтори вай ваҷҳе намедиданд, магар ҳамин ки Луиза Пойндекстер нохост аз гурӯҳи саворон ҷудо шуда, бо суръати аз ҳад зиёд тез ба пеш тохт, мисли ин ки мехост дар дунболгирии гала аз ҳама пеш гузарад.

Вале шикорчии аспони ваҳшӣ медонист, ки кор ин тавр нест. Гумон буд, ки аз тарафи духтари савора чунин рафтори ношоиста қасдан буд. Аниқтараш ба ин мустанг гули бодом гунаҳкор буд. Морис дид, ки манадан дар тоз рафта истода ҳамон галаест, ки мустанг ба наздикӣ ба он тааллуқ дошт. Бешубҳа, ӯ ҳамчинсонашро дида, бо саворааш тоз гирифт, ки бо онҳо ҳамроҳ шавад.

Морис-мустангер ҳамин тавр фикр мекард. Дере нагузашта касони боқимонда низ ба ҳамин хулоса омаданд.

Дар авҷи ғайрати баҳодурона қариб ҳамаи шикорчиён аз паси духтар асп монданд, ки пеш-пеш Қолҳаун, Генкок ва Кросмен, аз паси онҳо қариб даҳ ҷавонмард — плантаторҳо, адвокатҳо, амалдорон мерафтанд. Ҳар кадомаш умед дошт, ки бахт ба рӯи ӯ механдад ва гурезаро дарёб мекунад.

Вале аз онҳо ягон кас ба таври ҷиддӣ ҳавотир набуд — ҳама медонистанд, ки Луиза Пойндекстер чобуксавор аст; дар рӯ

1 Мачете (испанӣ) — корди калони вазнин.

пешина
аз 509
навбатӣ