Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби XV

МУСТАНГИ ГУРЕЗА
БА ДАСТ МЕАФТАД

Дар масофаи боз як мили дигар дунболгирӣ бе тағйироти қазоӣ давом кард.

Модиёнҳои ваҳшӣ мисли пештар босуръат метохтанд, вале акнун на фирик-фирик мекарданд ва на меҳаросиданд. Аз қафо канда-канда шиҳакашии мустанги гули бодом шунида мешуд, аммо дугонаҳои собиқаш гӯё ӯро пайхас намекарданд. Луиза Пойндекстер ором менишаст ва аз худ изтироб зоҳир намекард.

Морис гӯё қариб ноумед гардида буд, турук соҳибаш барин набошад ҳам, ошуфта буд.

— Тезтар, Кастро! — хитоб намуд Морис, ки дар овозаш андаке хашм ҳис карда мешуд.— Имрӯз ба ту чӣ гап шуд? Аз хотир набарор, ки агарчи ба зӯр бошад ҳам, дафъаи гузашта ӯро дарёфт карда будӣ. Вале охир ҳозир ӯ дар болояш савора дорад. Ба он сӯ нигар, ҳайвони беақл! Ин савора барои ман дар дунё аз ҳама чиз қиматбаҳотар мебошад, ба ивази ӯ ман ҳам ҷони ту ҳам ҷони худамро нисор мекардам... Модиёни гули бодом гӯё чолоктар гардид. Шояд, аз он рӯ ки ба саворӣ омӯхта шудааст? Ё ин ки аспон савор дошта бошанд, тезтар медаванд? Агар ман ӯро аз чашм гум кунам, аҳвол чӣ мешавад? Дар ҳақиқат кор расво шуда истодааст-ку? Ба аҳволи хеле бад гирифтор шуданаш мумкин. Бадии кор дар ин ки ҷони ӯ дар хатар мебошад. Хатари ҷиддӣ. Агар ман ӯро аз назар гум кунам, якин фалокат рӯй медиҳад.

Морис худ ба худ пичирросзанон муҳокима ронда, аз духтари савора, ки торафт дур мешуд, чашм намеканд. Гоҳ-гоҳ ӯ бо нигоҳи пуризтироб фосилаеро, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо месохт, ӯлчак мекард.

«Чег занам-чӣ? — похост аз фикр гузаронид ӯ.— Садои овоз, шояд ба гӯшаш расад, аммо гумон аст, ки гапамро шунавад ва эҳтиёт шуданро фаҳмад?» Ва Морис на фақат бо ҳамин мулоҳиза Луизаро чег назад — ҳанӯз умедвор буд, ки ҳамин замон духтарро дарёфт мекунад ва ба ғайр аз ин ӯ медонист, ки бо гап не, балки фақат бо амалиёт мустангро нигоҳ доштан мумкин.

Ҳоло вай худро фақат бо як фикр дилбардорӣ медод, ки ана-ана ба вилозае наздик мешавад, ки лассоро ба гардани

пешина
аз 509
навбатӣ