Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— «Хатар таҳдид мекард!» — такрор кард Ирландӣ, ки тааҷҷубаш то рафт меафзуд. — Савори аспи ваҳшӣ, ки дар дашти беодам бод барин мерафт!
— Ҳеҷ гап не! Шумо фикр мекунед, ки ӯ маро афтонданаш мумкин буд? Вале охир ман ҷовандози нағзам.
— Ман инро медонам, мисс Пойндекстер, вале ба худ тасаввур кунед, ки агар шумо дар буттазоре, ки одамони таҳҷоӣ ба зӯр роҳро меёбанд, раҳгум мезадед, гумон буд, ки он гоҳ ҷовандозии шумо мададе мекард.
— Оҳ, шумо фикр мекардед, ки ман раҳгум мезадам? Ана аз чӣ ваҳмиданам лозим будааст!
— Танҳо як аз ин не. Фарз кардем, шумо бо....
— Бо ҳиндуҳо рӯ ба рӯ меомадам? — зуд гуфт Луиза ва намонд, ки мустангер суханашро ба охир расонад. — Агар ин воқеа рӯй ҳам медод? Охир мо бо команчиҳо сулҳ дорем. Ба фикрам онҳо ба ман ягон зарар намерасониданд. Вақти ба ин сӯ омаданам майор ба ман ҳамин тавр гуфт. Ба дидоратон қасам, ки ман аз ин хел вохӯрӣ хурсанд мешудам ва, ҳар ҳол, дурӣ намеҷустам. Чӣ қадар дилам мехоҳад, ки ин ваҳшиёни ҷавонмардро дар дашти азизашон савори асп дартоз бубинам. Вале он хелҳояро не, ки ба наздикӣ дар посёлка дида будам ва онҳоро рангпаридагон бо «оби сӯзон» гич карда буданд.
— Ман, мисс Пойндекстер, аз ҷасурии шумо завқ мебарам, вале, агар ман ба яке аз дӯстони шумо шудан мушарраф мегардидам, ба шумо маслиҳат медиҳам, ки каме эҳтиёт шавед. «Ваҳшии ҷавонмард» на ҳама вақт дар дашт солимақл мебошад ва на ҳама вақт ба ҳадде ҷавонмард аст, ки шумо фикр мекунед. Ва агар шумо бо онҳо во мехӯрлед...
— ...ва агар ба худ ягон корро раво медид, ман аз вай мегурехтам ва ба назди дӯстонам бармегаштам. Бо Қамари азизи ман барин аспи бодпо дар гумон аст, ки ягон кас маро дарёфт карда тавонад. Охир ба шумо ҳам, мистер Чералд, ин бо осонӣ муяссар нагардид. Ҳамту не?
Мустангер бо чашмони калон кушодаи пур аз тааҷҷубу ҳайрат ба креолдухтар менигарист.
— Нахоҳ гуфтаӣ бошед, — оқибат гуфт ӯ, — ки мустангро нигоҳ дошта метавонистед? Магар вай шуморо кашида намебурд? Ин оё ҳамин маъниро дорад, ки...
— Не, не, не! — каме дар хиҷолат монда зуд ҷавоб дод духтар. — Фақат дар аввал мустанг ҳақиқатан маро гирифта гурехт, аммо баъд ман... дар охир дидам, ки лаҷомашро кашида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё