-Боз ягон ҳодиса шуд...
-Не, ҳамон коҳи кӯҳнаро бод намуданатон лозим.
-Рафиқ полковник, охир ман ҳамагӣ се рўз пеш дар он ҷо будам ва чӣ хеле ба шумо арз намудам. шикасти хешро эътироф намуда баргаштам.
-Яъне, ки ягон криминал нест?
-Ба фикрам набуд, чунки ронанда Абубакри Ҳусейн гуноҳи хешро пурра ба душ гирифта.
-Ман бошам чунин намешуморам.
-Охир бо ҳуҷҷатҳо ман худам шинос шудам.
-Далелҳое, ки ман дар даст дорам, акси ҳолро дар ҳодисаи мазкур арзёбӣ мекунанд, мефаҳмед?
-На он қадар.
-Ҳангоми ташхиси техникӣ аз автомашинаи “Опел – Астра” хун он тараф истад, ҳатто ягон заррачаи хурди пайвандкунандаи ин ҳодиса, ки аз бархӯрдани Усмон Башир ба автомашинаи мазкур шаҳодат диҳад, ёфт нашудааст.
-Модоме чунин аст пас чаро ронанда гуноҳро ба зимма гирифтааст?
-Ба мақсади пинҳон намудани дигар ҷиноят.
-Чӣ вай дар ҷустуҷў буд?
-Не, вале дирўз духтараке аз болои вай ба прокуратураи ноҳияи мо бо ариза муроҷиат намуда, ки шаҳрванд Абубакри Ҳусейн дар ҳолати мастӣ ба номусаш...
-Ин ҳодиса дар куҷо рух додааст?
-Дар кадом як шабнишиние.
-Вай ҷинояти вазнинеро дар минтақаи мо содир намуда ва ба хотири ифшо нашудани асрори ниҳонаш ҷиноятеро аз гурӯҳи ҷиноятҳои нақлиётӣ, ки қонун сар задани онҳоро аз беэҳтиёти эътироф намудааст, дар ноҳияи дигар ба душ гирифта?
-Гумон намекунам, вале баъди фалокати автомобилӣ ҳомиёни қонун аз ҳодисаи дигари дар минтақаи хизматиашон рухдода огоҳ гашта, мисли оне ки дуздро дар обмурӣ дастгир мекунанд, ҳодисаи кушторро низ ба души ронандаи маст бор карданӣ шуданд ва то андозае ин амал ба онҳо даст дода... Аз эҳтимол дур нест, ки духтари ҷабрдида ба вай ваъдаи маҳкамаро надода бошад ва аз роҳ баромадани автомашина ин натиҷаи ҳолати психологии ронанда аст.





