Шояд вай дар ҳамон лаҳзаҳо ҳодисаеро, ки ҳамкорони мо ба душаш гузоштанӣ шуданд чун “туҳфаи” тақдир ба зимма гирифтааст.
Маст ҳам бошад, албатта, тафовути ин ду ҷиноятро ба хубӣ дарк намудааст, вагарна кадом одами солимақл чунин як ҷиноятеро ба душ мегирад...
-Чаро он духтау ҳамон лаҳза не, балки баъди гузаштани ду шабонарўз ба прокуратура ариза навиштааст?
-Аз эҳтимол дур нест, ки ҷабрдида, агар вай дар ҳақиқат ҷабрдида бошад, дар давоми ду шабонарўз омадани вайро интизор нашуда бошад. Шояд вай гумон доштааст, ки акнун нафари ба номусаш доғ оварда аз ҷазо тарсида, ба назди падару модараш омада дасташро мепурсад...
-Пас он чӣ хел таҷовуз буда, модоме ҷабрдида ба гунаҳкор чунин дилкашолӣ дошта?
-Ин ҳамаро ман аз рўӣ эҳтимолият гуфтам.
-Ҳоло он Дон-Жуан дар куҷост?
-Дар прокуратураи ноҳияи Гулистон мавриди бозпурсӣ қарор дорад.
-Вай, албатта, ҳодисаи дар хиёбони “Дӯстии халқҳо” рўхдодаро низ ба душ гирифтааст?
-Не, ў иқрор шудааст, ки ҳодисаро аз забони милисаҳо шунида, ба мақсади пинҳон намудани рафтори ношоистаи хеш онро ба зимма гирифта...
-Аз ин бармеояд, ки се шабонарўз пештар дар ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ ман бармаҳал ба санади таслимшавӣ имзо гузоштам?
-Бале. бармаҳал ва акнун боз як маротиба он ҷо рафтанатон лозим мешавад!
-Ба гумон аст, дар он ҷо ман нӯги муаммои сарбастаеро, ки тай ду ҳафтаи охир ҷустуҷўяш дорем, дарёбам.
-То ҷое иттилло дорам, ёфтани нӯги он гиреҳ дур нест, - гӯён сарвари милиса бо ман худоҳофизӣ намуд.
“Ёфтани нӯги гиреҳ дур нест” гуфтани Воҳид Камолро баробари пой ба остонаи дафтари кории муфаттиши милиса, ки санҷиши парвандаҳои нақлиётиро ба душ дошт, дарёфтам.
Албатта, муфаттиш аз дидани ман хурсанд нашуд, вале ин дафъа дар нисбати рўзи аввалӣ ба ин ҷо омаданам хушмуомилатар гашта буд.





