Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 311 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 311 аз 499 · 2 ноябри 2026

Маҳз ҳамин хислатҳои ўро ба назар гирифта, шояд нафароне, ки ба тақсимоти замин сару кор доштанд, Комил Қаҳҳорро чун миёнрав дар ин тиҷорати ғайриконунӣ ҷалб намуданд ва замоне ў ин вазифаро бе каму кост иҷро кард.
Қисме аз мардум, ки пулро додаву заминро нагирифтанд, аз рўйи мақоли халқии “даст дастро мепурсад,” ба суроғи маблағи додаашон бархестанд ва дари хонаи ин марди ҳамакораи миёнравро охурча карданд, вале канӣ пул?
-Агар ў ин қадар инсони сода ва гӯлу гумроҳ буд, пас чӣ тавр тавонист бе рухсати идораҳои меъморӣ ба нақшаи як бинои баландошёна тағйироту иловаҳо ворид намояд?
-То ҳамин наздикиҳо ман ҳам чунин андеша доштам, вале иттифоқе афтоду ҳамроҳи як дўсти деринааш, ки ҳамзамон дўсти ман ҳам ҳаст, ба манзилаш рафтем. Сад бор беҳтар мебуд, агар ман сухани дўстамро шикаста ба манзили Комил Қаҳҳор намерафтам. Ҳолу аҳволи фарзандону ҳамсари вайро дида, рўзи рўшан дар назарам шаби тор шуд. Ман дар ҳамон лаҳзаҳо фаҳмидам, ки соҳиби супермаркет як умр бозичаи дасти дигарон будааст, бозичаи хурде дар як механизми бузург. Шояд чун дид, ки баъди фурӯравии бино касе пишакашро пишт нагуфт, чун миёнрав дар ёфтани нафароне, ки ба гирифтани замин эҳтиёҷ доштанд, хизмат кард, бехабар аз он ки кўза на ҳамеша аз лаби об беосеб бармегардад.
-Худкардаро даво нест.
-Ҳақ ба ҷониби шумост. Бубинед, ў бо як амали ноҷои хеш ба ҷуз ин дунё, қиёматашро ҳам сўхт.
-Шояд вай худашро наовехта бошад, шояд ягон каси дигар?
-Ҳодиса дар давоми даҳ дақиқа рух додааст ва боз дар ҳавлии худаш, дар рўзи рўшан. Ба замми ин, барои зану фарзандонаш хатчае ҳам гузоштааст, ки дар маргаш аз касе домангир нашаванд, чунки дигар тобу тавони дидани қарздоронашро надорад.
-Оё нанавиштааст, ки пули аз мардум гирифтаашро дар куҷо харҷ намудааст ва ё ба кӣ додааст?
-Не, дар хатча каломе дар ин бора набудааст.
-“Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам...” -Ҳақ ба ҷониби шумост, рафиқ майор.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан