Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 325 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 325 аз 499 · 2 ноябри 2026

Хушбахтона, ў дар байни панҷ-шаш нафаре, ки дар он солҳои ноором синаи хешро ба дифои мардуми он минтақа сипар намуда буданд, номи Намоз Хаёлро ҳам ба забон овард.
-Мехостам дар бораи кору фаъолияти майори милиса Намоз Хаёл чанд сухан мегуфтед?
-Чӣ, магар шумо ўро дар содир намудани ягон ҷиноят гумонбаред?
-Хостам инкор намоям, вале андеша намудам, ки Ҳамид Ҳомид на аз он нафаронест, ки вайро дар атрофи ангуштонат тоб диҳӣ. Агар лозим шавад, ў ҳар нафареро ба лаби ҷуӣ ташна бурда, ташна меорад, пас чӣ лозим ин ҳама мушу гурбабозӣ ва тамоми рафти ҳодисаҳо ва ҳатто тариқи телефони боварӣ занг задани нафареро аз болои Намоз Хаёл гуфта гузаштам.
-Медонед чӣ?
-Чӣ буд?
-Дар дунё ҳастанд нафароне, ки бетарафиро хуш надоранд. Ҳарчанд чунин амал боиси таҳсин аст, вале мешавад, ки гоҳе ба сари ҳамон нафаре, ки ба ёрии дигаре шитофтааст, балоҳо биёрад. Намоз Хаёл ҳам маҳз аз он нафаронест, ки ҳеҷ гоҳ аз паҳлуи корафтоде гузашта намеравад ва ин амал ўро дар хунаш ҷорист. Дар солҳои ҳамкориамон мо ҳеҷгоҳ дўст набудем, чунки Намоз Хаёл ҳамон каломеро ба забон меовард, ки ба нафъи умум буд. Ҳеҷ гоҳ ў сиёҳро сафед нагуфта ва боз ҳеҷ гоҳ дар ғайби кас сухани ноҷое аз забонаш бурун наомада. Аз тамоми шахсиятҳое, ки банда то ба имрӯз рў ба рў омадаам ба ҷуз вай касеро надидам, ки гуноҳи роҳбарро дар рў ба рўяш гуфта бошад. Ман ҳамеша як ҳолати корро ба ёд меорам. Дар Сароб Намоз Хаёл сарвари силоҳбадастон Қаюм Назарро, ки ҳатто ҳокимони вақт ба ӯ аз тарс арҷ мегузоштанд, зархариди хориҷиён номид. Маҳз Намоз Хаёл буд, ки чандин интиқолдиҳандаи маводи мухаддирро зиндонӣ намудем. Саҳми бевоситаи ҳамин нафаре, ки шумо, рафиқ майор, домангираш ҳастед буд, ки мо як араби ба ҷиҳод омада бо номи Абдулло бинни Идрис оли Хатабро бо даҳ килограмм маводи мухаддир боздошт намудем ва хатои мо буд, ки араби ба ҷиҳодомада тариқи заҳри бо худ доштааш дунёи фониро тарк намуд. Вақте ки араби боздоштшуда ба ҳалокат расид, ба хотири гирифтани хунбаҳои ин марди пашминапӯш Қаюм Назар бар зидди милиса лашкар кашид ва боз ҳамин Намоз Хаёли гуфтаатон ба истиқболи ў баромада, дар байни оммаи васеи ба ҳамоиш омада гуфт, ки ҳамин араби уштурсаворро ту палид худат даъват карда овардӣ ва зодгоҳатро ба хотири манфиатҳои шахсият пойгоҳи аҷнабиён намудӣ ва вай худозада тариқи сӯзандору чандин ҳамдиёронатро ба он дунё фиристод, вале ту бешараф боре ҳам садди роҳаш нашудӣ, нагуфтӣ, ки инҳо ҳамдиёрони ман ҳастанд ва гуноҳе надоранд ва ин издиҳоме, ки имрўз аз қафоят барои хунбаҳои кадом як палиде омадаанд, аз рўйи нофаҳмӣ омадаанд, чунки онҳо ҳам чун гўсфандони рама гумон доранд, ки чўпонашон нобиға ҳаст ва сагҳояш посбони рама, бехабар аз он ки хӯҷаин ва сагҳояш хуни гўсфандонро аз гург дида бештар рехтаанд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан