Ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Шукрихудои Шариф, ки ба қавле каломи “вазифаи ҷонӣ” -ро мавриди баҳс қарор дода буд, муяссар шуд, ки пайвастагиеро дар муносибатҳои Саид Забир ва қумандони саҳроӣ Қаюм Назар пайдо намояд, ҳарчанд дуюми тайи чанд сол боз дар Федератсияи Русия зиндонӣ буд. Бояд гуфт, ки лейтенанти ҷавон баҳри ёфтани ҳама гуна далел дар нисбати Саид Забир аз занбӯри асал, ки майл ба ширинӣ дорад, монданӣ надошт.
Ман аз ин масъулятшиносии шогирд хеле хурсанд будам ва итминонам комил буд, ки мо парда аз рўйи ҳама гуна асрор хоҳем бардошт.
Аз чӣ бошад, ки боздоштшуда тайи ин муддат аз болои мо ба прокуратура шикоят накард ва худи сарназоратчии қонун низ нисбати хабарномаи мо оиди боздоштшавии Саид Забир таваҷҷуҳе зоҳир нанамуд.
Маҳз ҳамин ороми имконияти бештаре фароҳам овард, то мо дар атрофи ҳодисаи таърихи сесола дошта, ки боиси марги ҳашт тан ва захмдоршавии беш аз бист нафар шаҳрвандон гардида буд, бори дигар давр занем. Оғози ҳама ин даврзаниҳо дар атрофи фоҷиаи мазкур баъди санҷиш ва таҳлили ҳолномаи ҳар як нафари фавтида ва атрофиёни онҳо рўйи саҳна омад. Лейтенанти милиса Шукрихудои Шариф тайи ин муддат на танҳо бо пайвандони фавтидагон, балки бо ҳақу ҳамсояҳои онҳо вохўрда, имконияти ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, баҳри тасдиқи андешаҳои хеш дар маҷлиси бегоҳирўзӣ, ки дар он сарвари гурўҳи тафтишотӣ низ ҳузур дошт, ба муҳокимаи ҳайати мушовара пешниҳод намуд.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошем, ягон нафар аз пайвандони фавтидагон дар ҳодисаҳои ба сари иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ омада даст надоранд, - пурсид Воҳид Камол.
-Бале, рафиқ полковник.
-Рафиқ лейтенант, оё шумо андеша накардед, ки ба чунин ҷинояти вазнин, касе бе асос даст намезанад? - пурсид сардори милиса.
-Албатта, дар парвандаи мазкур пайвастагӣ байни ҳодисаи таърихи сесола дошта ва марги судяю сохтмончӣ боқӣ мемонад, вале на аз он самте, ки мо то кунун мавриди ҷустуҷў қарор дода будем.





