Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 429 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 429 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Гап занед, ман ҳамеша тайёр,-чун пионери замони советӣ қариб, ки даст ба чакка бурда, гуфтам ман.
– Ба ҳар ҳол Сангинмурод забонам ба гуфтанаш намегардад ва бовар кун ин амри ман ҳам нест, балки амри ў, бо нарангушташ ба атарфи боми хона ишора кард.
– Амри болост, – гўед.
– Ҳа, Сангинмурод, амри боло.
– Аз мафия ё…?
– Ангурро хўру боғашро напурс, ба ҳар ҳол боло тайёр аст, ки туро розӣ кунонад.
– Чӣ дигар номзад наёфтед?
– Ба фикрам, боло номзади дигар наҷустааст. Эҳтимол номзадии худатро хеле барвақт муҳокима карданд.
– Рафту ман розӣ нашавам– чӣ?
– Розӣ мешавӣ ва боло ба ин боварӣ дорад. Охир даҳ ҳазор доллар рўйи роҳ нахобидааст– ку, чӣ хел ту одами боақл аз гирифтани он саркашӣ мекунӣ? Он чӣ ки боло аз ту талаб дорад, на як рўзу ду рўз аз паяш ҳастӣ…
– Гап зан ман розӣ.
– Агар аз гапат гардӣ – чӣ?
– Намегардам, сухани мард як то, гап зан.
– Як касро аз байн бардоштан лозим.
Мо ҳарду муддате хомўш мондем. Дунё дар пеши назарам гирд гашт ва хостам ҳамон ҷо гулўи Норбоевро фишурда, ўро буғӣ карда кушам. Вале Норбоев ҳам илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ гуфта, аз кисааш як пачка сад долараро бароварда, пеши ман гузошт ва хомўш шуд.
Мегўянд, ки “сухани хуш морро аз хонааш мебарорад” ва пул ҳам аз қонуни сеюми Нютон баҳравар шудагӣ ва ҳамон лаҳза ман ширинии ин коғази сабзи Линколндорро ҳис кардам ва он чун қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ маро ба сўйи хеш ово кард ва камина бе ягон истиҳола онро бардошта, ба киса зада пурсидам:- киро?
– Вақту соаташ ояд, ҳамаро мефаҳмӣ, – сар бардошта гуфт раис.
– Худат намедонӣ, раис?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан