– Не, Сангинмурод, инро боло ҳал мекунад ва ман бояд дар бораи розигии ту ба боло хабар диҳам, сипас онҳо кӣ будани он шахсро мегўянд.
Ҳамин тавр, ман бори аввал барои куштани шахсе, ки ў гуноҳ дошт ё не, дархост гирифтам…
Ана ҳамин дархост маро аз наркокурер ба киллер табдил дод ва чун суханони васиамро дар ҳавопаймо, ки бандаро ба мўйсафеди паҳлуяш ҳамчун киллер муаррифӣ кард, ба ёд овардам, мўйи баданам сих шуд…
Маълум мешавад, ки онҳо ҳамаро медонанд, вагарна ин қадар харҷи зиёдатӣ чӣ лозим…
Ҳар қадар худро ором карданӣ шудам нашуд, ки нашуд Ташрифов бе тир пеш аз аҷал манро кушт Ташрифов ҳарчанд вазифаи хешро иҷро мекард, вале барои ман рақиби пурқуввате буд ва ў кунун дорои қудрате буд, ки чун «девори бузурги Хитой» мустаҳкам ва касногузар.
Маҳз тақдири минбаъдаи камина ба ў вобаста буд, чунки ў метавонист маро ба об ё оташ партояд…
… 7 …
Зи мурда бадтар ҳар кӣ нодон бувад,
Ҳама зиндагониаш зиндон бувад.
А. Фирдавсӣ
Имрўз байни ин чор девори сангин зиндагии хешро пеши назар оварда, саҳфаи поке дар он надидам ва ба нодонию беандешагии хеш ҳазорон бор лаънат хондам…
Баъди ду рўз Норбоев лифофаеро ба дастам дода гуфт, ки барои боло ҳамин шахсе ки расмаш дохили лифофа ҳаст, мақбул нест…
Азбаски ман бо раис дар чорраҳаи деҳа вохўрдам, лифофаро ҳамоно ба ҷайбам гузошта, аз ў дур шудам. Чун ба хона омада онро кушодам, ҳуш аз сарам парид.
Аз лифофа акси дўсти мактабиам Даврон баромад. Ман хостам ҳамоно пулҳои аванс гирифтаамро ба дасти Норбоев баргардонида диҳам, вале ба хулосае омадам, ки дар он сурат мафия худи каминаро аз байн хоҳад бардошт. Ҳамаи кор то ҳамин вақте имконият дошт, ки ман расмро надида будам ва чӣ хеле мегўянд: “Мафия осечку не простит”…





