Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 495 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 495 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ў бошад сари андешаҳои бесарунӯг ба тарафи хона қадам зад. “Рафту дилат ба дигар кас бошад,”- гуфтани Шоҳи хона чун путк дар гушаш садо медоду садо... “Ҳаргиз чунин нест, Шоҳи ман” зери лаб гуфт ў ва дари хонаро кушод. Модар ҳамроҳи момои Маҳин сари кадом мавзуе суҳбат дошт, вале баробари дидани вай муҳри хомӯшӣ ба лаб зад...
-Биё, духтарам, биё. О, чӣ қадар зебо шудаӣ,-риштаи суханро ба даст гирифта гуфт момои Маҳин ва боз илова намуд: - Бисёр мехостем, ки ту соҳиби ин хонаву ин дар гардӣ...
Духтар каломе ба забон наоварда, сар ба зер афканд ва шояд ин амалро ҳамсоязан “ сукут аломати ризо “ пиндошта, боз суханашро давом дода гуфт: - Духтари кадрас шудаӣ ва, ба фикрам, алакай фаҳмидӣ, ки дигарон барои бахти хеш чӣ талошҳое намекунанд...
-Духтарам, гумон накунед, ки банда дар ин бора андеша накардаам. Гузаштагони ин хонадон, илоҳо рўҳашон шоду манзили охираташон обод бошад, ҳама мардони ориф буданд.
Мардоне буданд, ки дар илм дар ин диёр касе ба пояашон намерасид. Ман худ борҳо аз забони онҳо шунида будам, ки бастани никоҳ байни онҳое дуруст нест, ки бародару хоҳари хунианд ва ё ҳарду ҳам бо кадом сабабҳое аз пистони як зан шир нӯшидаанд. Чун ту ба ин диёр омадӣ, нафаре, ки ҳамроҳаш зери як бом зиндагӣ намудед, аллакай даҳсола буд, худат бошӣ аз рўй шароити ба сарат омада ба таомхӯрӣ одат намуда будӣ ва нафаре ҳам дар ин макон чун модар пистонашро ба даҳонат нагузоштааст, дар ин бора ҳарду ҳам метавонед осуда бошед. Нафарони дар ин манзил умр ба сар бурда мардоне буданд, ки сар медоданду суханашонро не, чунки ҳамагон таҳсилнамудаи илм буда, қадри суханро медонистанд ва агар каломе ба забон оварданӣ шаванд, онро танҳо аз рўйи оёти “Куръони Маҷид”ба забон оварда, дар асоси ҳадисҳои пайёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) шарҳ медоданд. Ман дар тўли чанд моҳ панҷ писарамро аз даст додам, чунки рўзгори сахтро баҳона карда, муйсафедамро барои муҳоҷират аз ин диёр ҳидоят намуда, ҳатто андеша накардам, ки манзили ободро беасос партофта рафтан оқибати нек надорад ва то хатои хеш бифаҳмидам, ки корд аз устухон гузашт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан