Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 496 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 496 аз 499 · 2 ноябри 2026

Бо чеҳраи пурнаму дили пурғам баъди як сол боз ба ҳамин сарзамин баргаштем ва боз чароғи кулбаи бобоиро фурўзон намудем. Шояд рўҳи гузаштагон аз мо розӣ шуд, ки туро чун туҳфаи осмонӣ Худованд ба ин хонадон овард...
Худ шоҳид будӣ, ки се сол пеш дар як рўз нуҳ нафар писарбачаҳои ин деҳа якҷоя ба ҷанг рафтанд ва бо амри Худованди карим танҳо вориси ин хонадон баргашт. Ҳарчанд бо ҷароҳати пой ҳам бошад, вале баргашт ва ин ҳам заррае аз сарнавишт аст. Бо тадбир тақдирро дигар карда намешавад ва сабаби иҷрои ҳар як амал хоси Худованд аст. Бисёриҳо аз сари оби никоҳ мегарданд ва ин ҳам бо розигии Оллоҳ таолост.
Ман намедонам туро чӣ ҳавое бар сар аст, вале ҳамчун модар мегӯям: Ин кулбаи фақиронае, ки мебинӣ, кулбаи одӣ нест, ҳарчанд дар нисбати хонаи раис ва дигар мансабдорон ин кулба назарногир аст, вале ин ҷойгоҳи авлоди муқаддас ва мардони орифу худотарс аст ва агар Оллоҳ таоло худ ризои дар ин хонадон мондани ту бошад, ҳама ҷаҳду талошҳои дигарат суде нахоҳанд кард...
Духтарам, акнун ман ҳам пир шудаам, ки медонад фардо чӣ мешавад, вале умед бар он мебандам, ки баъди сари ман ҳам ту чароғи ин хонадонро фурўзон нигоҳ медорӣ ва барангезандаи оташи муҳаббат дар замири нафаре мегардӣ, ки беш аз даҳ сол ҳамроҳаш зери ин бом зиндагӣ доштӣ. Чун ту дар пеши чашмам калон шудӣ ва медонам вориси авлоди нек ҳастӣ, мехоҳам бонуи ҷигарбандам гардӣ. Боқӣ ихтиёр турост...
Он шаб ў мижа таҳ накард,чунки модар ҳам ихтиёрашро ба дасташ дода буд. Тайи шабонарӯзи охир гумон дошт, ки соҳибхона ба ивази хизматҳояш ўро келин намудан мехоҳад, вале дар асл чунин набудааст. Онҳо ихтиёрро ба дасти худаш доданд, дигар ў медонаду дави аспаш. Бо ҳамин фикру андеша дар интиҳо хоб ғалаба кард...
Нафаре дар либоси сабз, ки ба падараш монанд буд, аз пешаш баромада, ўро саргарми андеша дида пурсид.
-Ту хуби духтарам?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан