-Хубам.
-Пас чаро авзоят парешон?
-Роҳгум задаам, падар, ба ростӣ, роҳгум задаам,-гӯён ў саргузашти талхи хешро баҳри нафаре ки симои падарашро ба ёд меовард, арзони дошта, аз ў мадад хост.
-Ба бахтат зомин нашав, духтарам, ҳақ ба ҷониби модарат аст, аз панди нафаре, ки туро чун модар калон кардааст, сар мапеч...
-Охир мо...
-Шумо хоҳару бародари хунӣ нестед, ширхора ҳам нестед, боз чӣ мехоҳӣ, духтарам?
-Мардум чӣ мегӯянд.
-Чӣ ҳам мегуфтанд, модоме шумо қадаме ба муқобили қонунҳои шариати Ислом нагузоштаед, муҳаббат бошад, доди Худовандист. Бунёди оила бошад, дар гардани ҳар фард фарз аст ва иҷрои фарз чун қарз дар гардани ҳар фард аз Офаридгор боқӣ монда,-гӯён симои падар аз ў дур шуд.
-Падар, падарҷон, маро танҳо нагузоред...
-Ба ту чӣ шуд, духтарам?- сари болинаш рост шуда пурсид модар.
Ў чашм кушода модарро болои сараш дид, маълум ки ҳамааш дар хоб будааст...
-Ба фикрам, хоб медидӣ?
-Падарамро дар хоб дидам, солҳо ки дар хобам надаромада буд. Ўро аввал қариб нашинохтам.
-Хоби субҳгоҳӣ амалишаванда аст, мефаҳмӣ, духтарам?- сари ўро ба оғуш гирифта гуфт модар, хуш бигӯ чӣ хоб дидӣ?
...
-Маълум ки хоби нағз дидаи, рўҳи падар ҳам дар чунин ҳолатҳо ором намешавад. Акнун бархезу саҷдаи Илоҳиро ба ҷо ор, иншоолоҳ, руҳи гузаштагонат шод мешаванд.
Иншоолоҳ,-гӯён ў бистаро тарк кард...
Оғози субҳи нав ҳам барои ў оромӣ наовард, чунки дар қалби ҷавонаш, ки акнун ба майдони набарди ишқ мубаддал гашта буд, боз шӯру валвала бархест ва боз муҳаббат савори саманди хеш ба майдон омад.





