Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Поовоз/подовоз овози баръакс, эхо
Поомад/подомад ба сӯйи баръакс омадан
Поракард пора-пора кардан
Поранон нони пора
Порасанг санги пора, як пора санг
Порафт/подрафт ба сӯйи баръакс рафтан
Порафтор/ касе, ки ҳамеша муқобили
Подрафтор рафтори каси дигар рафтор мекунад
Порашавандагӣ хусусияти порашавӣ доштан
Посгуна ҳолати чаппа
Посира андӯхта, захирашуда; захира
Потеша тешаи нӯгпаҳни калон барои тарошидани чӯб
Пофишанг фишанге, ки ҳаракатро ба воситаи пой ба вуҷуд меоварад
Похсадевор ниг.: поғадевор
Почархиш/ ба сӯйи баъакс чархидан
Подчархиш
Поҷаст/подҷаст ба сӯйи баръакс ҷаҳидан
Поша пошдиҳанда; воситаи пошдиҳӣ
Пошафзор афзори пошдиҳанда
Пошгуна ниг.: посгуна
Пошдеҳ(ак) воситаи пош додан
Пошдиҳӣ амали пош додан
Пошдод ба ҳар сӯ пош додан
Пошина пошбоб, қобили пошидан будан
Пошиш пошидан; чизеро пошидапошида рафтан
Пошо чизи пошхӯранда
Пошона пошдиҳанда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё