Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Судамех мехи судашуда (хӯрдашуда, зангзада)
Суданамак намаки суда (соида майда кардашуда)
Судаоҳан оҳани судашуда (хӯрдашуда, зангзада); оҳани соянда
Судҷӯйӣ бардошт; манфиатчӯйӣ
Сумчроҳ роҳи зеризаминӣ
Сумчхона хонаи зеризаминӣ
Сунба абзори сӯрохкунӣ (кофтан, шикофтан)
Сунбафзор ниг.: сунба
Сунбиш амали сунбидан, яъне, сӯрох кардан; кофтан, шикофтан
Сурдошт сур (дунболагирӣ, таъқиб) карда доштан
Суркард рондан, таъқиб кардан
Сурқап сур (дунболагирӣ, таъқиб) карда қапидан
Сурмакон кони сурма
Суробкашӣ кашидани суроби чизе
Суробсозӣ сохтани суроб (ангора, тарҳ, амсила)-и чизе
Суроғкард пурсуҷӯ кардан, пурсон шудан; кофтан
Сурониш сур кардан, таъқиб кардан, дунболпгирӣ кардан
Сурфиш сурфа (сулфа) кардани бардавом
Сурхғанҷ ғанҷ (ранг)-и сурх
Сустбандӣ суст (ноустувор) бастан
Сустбаст ниг.: сустбандӣ
Сустбод боди суст (заиф)
Сустбонг бонги суст (заиф)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ