Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Тагшикаста аз таг шикасташуда
Тагшоро аз таг (зер) шоранда
Тайкард тай кардан
Тазарк жоладона
Такиш такидан, ҷунбидан, ларзидан; бархурдан
Такодав такопӯй (ҳарсӯ) давидан
Такона воситаи такондиҳӣ (ба ҷунбишоварӣ), такондиҳанда
Такониш таконидан, ҷунбонидан, ларзонидан; бархурд додан
Такондеҳ(ак) воситаи такондиҳанда
Такондиҳӣ такон додан, ба ҷунбиш (ларза) овардан
Таконрафт такон-такон (бархурдабархурда) рафтан
Таконхӯрд такон хӯрдан, бархурдан
Таладиҳӣ ба талаю тороҷ додан
Таладод ниг.: таладиҳӣ
Талакард талаю тороҷ кардан
Талхдору доруи талх
Талхмағз донаки мевае, ки мағзаш талх аст
Талхмева меваи талх
Танбагузорӣ танба гузоштан
Тангдара дараи танг
Тангроҳа роҳи танг, пайроҳаи танг
Тангрӯда рӯдаи танг
Танзӯр касе, ки тани боқуват дорад
Танзӯрӣ нишон додани зӯрии тан
Таниш танидан, тор бофтани тортанак ва кирми абрешим
Танларза ларзаи тан
Танларзиш ларзиши тан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо