Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Тано қобили танидан
Таноббаст бо таноб бастан
Танобтоб коргари тобандаи таноб (ё симтаноб)
Танобтобак абзори тофтани таноб (ё симтаноб)
Танобтобӣ тофтани таноб (ё симтаноб)
Танобтӯр тӯри танобӣ (аз таноб сохташуда)
Танӯрхок хоки танӯрсозӣ
Танхориш хориши тан (бадан), як намуди беморӣ
Танҷома либос
Тапон тапанда, дар ҳолати тапиш
Тапониш ба тапиш даровардан
Тарангбандӣ таранг кашида бастан
Таранҷиш таранҷидан, фишурдан
Таркишбардор нисбат ба таркиш устувор будан
Таркишдеҳ(ак) воситаи ба таркиш овардан
Таркишзо(й) хатари таркидан доштан
Таркишмоя моя (манбаъ)-и таркиш
Таркона воситаи ба таркиш овардан
Тарқишбанд воситаи бастан (муҳкам кардан)-и тарқиш (рахна)
Таровиш/таробиш аз чизе таровида (заҳида) гузашта, ҷорӣ шудан
Тароздеҳ(ак) ниг.: тавозундеҳ(ак)
Тароздиҳӣ ба тароз овардан; баробар кардан
Тарозиш ороиш додан, оростан, перостан
Таромос омоси тармизоҷ
Тароша ҳосили тарош

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо