Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Чарбгудозӣ гудохта об кардани чарбу
Чарбзудо воситаи бечарбгардонанда
Чарғанд чароғ, фонус
Чариш чаридани чорво; сайругашт
Чаробарӣ ба чаро ё чариш бурдан
Чароғпоя пояе, ки дар он чароғ мегузоранд ва ё чароғ овезон мекунанд
Чарондан чариш додан, ба ғизохӯрӣ бурдани чорво
Чарониш чаронидан, дар чарогоҳ ҳайвонотро алаф хӯронидан
Чархафзор афзори чархиш (чархонанда)
Чархғӯла ғӯлае, ки шакли чарх дорад
Чархдорӣ бо чархи соёсанг тез кардани абзори рӯзгор (корд, дукорда ва ғайра)
Чархониш ба чархиш овардан
Часарсӯхт часар-часар сӯхтани ҳезум
Часпиш ба ҳам часпидан
Часпоӣ хусусияти часпидан доштан
Часпониш ба ҳам часпонидан
Чахс шохчаҳои ҳезумӣ: чӯбу чахс
Чаҳовоз овози чаҳ-чаҳи булбул
Чаҳорсӯӣ чоррӯягӣ, чоррӯя будан
Чашмандохт чашм андохтан
Чашмбин бо чашм дидашаванда, ба чашм намудор
Чашмдавонӣ тез аз назари чашм гузаронидан
Чашмдӯхт чашм дӯхтан, чашм андохтан
Чашмзадагӣ чашмрасида, чашмхӯрда
Чашмноаён ба чашм ноаён, аз чашм ғоиб
Чашмнорас ба чашм нахӯранда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо