Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Чашмчарон назарбоз
Чашмчаронӣ назарбозӣ кардан
Чашовӣ ҳар чизи чашиданӣ; маза, таъм
Челонбоғ боғи дарахти челон
Челонзор мавзее, ки дар он дарахти челон бисёр аст
Ченакнайча найчаи ченакдор (барои муайян кардани ҳаҷми моеот)
Ченакктасма тасмаи ченакдор (барои чен кардани дарозӣ)
Ченакчӯб чӯби андозагирӣ
Ченафзор афзори ченгирӣ (андозагирӣ)
Ченгирак воситаи санҷиш ё чен кардан
Ченгирӣ амали мансуб ба санҷиш ё чен кардан
Ченкард ниг.: ченгирӣ
Ченнайча найчае, ки ченак дорад
Чентаноб таноби ченакдор барои чен кардани дарозӣ, масоҳат ва ғайра
Четгард дар чет (канор) гарданда
Четгардӣ дар чет (канор) гардиш (сайругашт) кардан
Четгирӣ худро чет (канор) гирифтан
Четравӣ ба чет (канор) рафтан
Чеҳранигор наққош
Чеҳранигорӣ наққошӣ
Чибуд моҳият
Чидагирифт чида гирифтан; ғундоштан; интихоб кардан
Чизвожа вожаи махсусе, ки номи чизеро ифода мекунад, номен
Чизвожагон вожагони махсусе, ки номи чизҳои илмӣ ва илмию техникиро ифода мекунанд; номенклатура

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо