Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Деворбандӣ бо девор бастани атрофи боғ, хона ва монанди инҳо
Деворбардорӣ бардоштани девор (аз хишт, лой ва ғайра)
Деворбаст ниг.: деворбандӣ
Деворгирӣ девор гирифтани атрофи боғ, хона ва монанди инҳо
Деворзанӣ ниг.: деворбардорӣ
Деворкашӣ бо девор ҷудо кардан, масалан, атрофи қитъаи заминро
Деггабар санге, ки дар қадим аз он дег метарошиданд
Дегпоя пояи деггузорӣ
Деранҷом дер ба анҷомрасанда, дуру дароз, дунболадор
Дергаҳ дер боз, муддати дароз
Дергувора дер гуворшаванда, дерҳазм
Деркашид дер кашидан, тӯл кашидан, бисёр давом кардан
Деромад дер омадан, таъхир карда омадан
Дерпаз ҳар маҳсулоти ғизоии дерпазанда
Дерпазир дер пазиранда
Дерпо побарҷо; давомдор
Дертафсо ҳар чизи дер тафсанда
Дерҷунбо дерҷунбанда, дерҳаракаткунанда
Дигарбора аз нав, муҷаддад
Дигаргуна гунаи дигар; шакл (тарҳ)-и дигар
Дигаргунагӣ гуна (шакл, тарҳ)-и дигар доштан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё