Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ларзафзор афзори ларзонанда (дар илму техника)
Ларзишнамо абзоре, ки дараҷаи ларзишро нишон медиҳад (дар илму техника)
Ларз(иш)нигор абзоре, ки ларзишро сабт мекунад (дар илму техника)
Ларзина воситаи баларзишоваранда (ларздиҳанда)
Ларзона ниг.: ларзина
Ларзониш ба ларза овардан
Ларзофарак абзоре, ки ларзиш ба вуҷуд меорад (дар илму техника)
Ларзустуворӣ қобилияти ба ларза устуворӣ доштан
Латкард лат кардан, шатта додан (масалан, лойро)
Лахтакард лахта-лахта (пора-пора) кардани чизе
Лахтасанг санги лахта-лахта (порапора)
Лаҳимхӯла хӯлае, ки барои лаҳимкорӣ истифода мешавад (дар илму техника)
Лес лағжон(ак)
Леса ҷойи лес (лағжонак)
Лесхок хоки лес (лағжонак)
Лесшах шахи лес (лағжонак)
Либосабра абра (рӯй)-и либос
Либосастар астар (дарун)-и либос
Ликонидан ҷунбонидан
Ликониш амали ликонидан
Лингбаст дар ду паҳлуи чизе баста овезон кардани бор

пешина
аз 155
навбатӣ