Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Нургирак воситаи қабулкарди нур
Нургирӣ нур (шуоъ) хӯрдан (гирифтан)
Нурдармонӣ муолиҷа (табобат) ба воситаи нур
Нурнамо василаи намудор кардани рӯшноӣ (нур)
Нурофар(ак) воситаи падид овардани нур
Нурпалмоса(к) асбоби ба воситаи нур ламс кардани чиз
Нурпарто воситаи партофт (андохт)-и нур
Нурполо воситаи ҷудо кардани нур (рӯшноӣ)
Нурпошак ниг.: нурпошо
Нурпошӣ пошидани нур (рӯшноӣ)
Нурпошо воситаи пошидани нур (рӯшноӣ); нурпошанда
Нурпошонӣ амали пареш додани нур (шуоъ)
Нуртора тораи нур, шуоъ
Нурфизо(як) ниг.: нурафзо(як)
Нурфишонӣ ниг.: нурафшонӣ
Нуршикаст шикасти нур
Нуршоха шоха (даста)-и нур; шуоъ
Нӯв нола, фиғон
Нӯвиш нола кардан, фиғон бардоштан
Нӯфиш нӯфа (ғалоғула) кардан; баромадани акси садо аз кӯҳ
Нӯшафзор афзори нӯшиш (нӯшидан)
Нӯшбоб боби нӯшидан
Нӯшбоё ниг.: нӯшбоб
Нӯшгувор зулол
Нӯшиш раванди нӯшидан
Нӯшоб оби гуворо
Нӯшониш нӯшонидан
Нӯшханда хандаи гуворо
О
Оббаро(й) ҷойи аз зеризамин берун омадани об; чашма
Оббон назорат (танзим)-гари об
Оббонӣ назорат (танзим) кардани об
Оббурда чизе, ки тавассути об бурда, такшин шудааст
Обгирак зарфе барои обгирӣ
Обгузар ҷое, ки аз он об мегузарад (ҷорӣ мешавад)
Обгузаро қобилияти обгузаронӣ
Обгузаронӣ аз худ гузаронидани об
Обгузаронандагӣ қобилияти аз худ гузаронидани об
Обгуна чизи мисли об; моеъ
Обгунҷоӣ чӣ кадар гунҷонидани об
Обгунҷониш қобилияти дар худ гунҷонидани об
Обғанҷ ғанҷ (монанда, ранг)-и об
Обдав давиши об; ҷойи тез ҷорӣ шудани об, масалан, дар замин; ҷӯяк
Обдамиш дамидан (баланд шудан)-и об
Обдору доруи обакӣ
Обдурда дурдае, ки онро об бурда, такшин намудааст
Обжӯлиш бо об жӯлидан (омехта ё олуда шудан)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё