Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Палдара қолаби дар
Палмоса воситаи палмосидан (ламс кардан)
Пандгор панддиҳанда; носеҳ
Пандгорӣ панд додан
Пангсухан содасухан
Пангфаҳм кундфаҳм
Панаҳдошт паноҳ (пинҳон) нигоҳ доштан, пеши чизеро гирифтан
Панаҳраҳ роҳи паноҳ (ноаён, душворпаймо); панораҳ
Панҷраш панҷ қулоч; ниг.: раш
Парафзор афзори парвозӣ (паридан)
Парандагӣ хусусияти ба боло паридан (фавворазанӣ) доштан
Парваришпазир қобили парвариш (тарбият)
Парвозбоб парвозӣ, парвозкунанда, ба парвоз мувофиқ
Парвозгоҳ маҳалл (макон)-и парвоз
Парвоздиҳӣ ба парвоз даровардан
Парвозӣ парвозбоб
Пардакашӣ парда кашидан
Пардаовезӣ овехтани парда
Парешдиҳӣ ба ҳар ҷо пареш додан (партофтан, тақсим кардан)
Паридаомад парида омадан
Паридарафт парида рафтан
Парина воситаи паридан; воситаи парвоз кардан; ҳавопаймо
Пармакард амали парма кардани чизе
Пармакофт тавассути парма дарункофт кардани чизе
Пармашикоф бо парма шикофкардашуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё