Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа
ПЕШГУФТОР
Дар Паёми пурмуҳтавои соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати омӯзиши ҳаматарафаи мероси фарҳангиву илмиро алоҳида таъкид намуданд. Ин Паёми Сарвари давлат дастуру сармашқи кулли зиёиёни кишвар буда, моро водор менамояд, ки дар ин самт фаъолияти худро дучандон тақвият бахшем.
Дар радифи ҳамин сиёсати тамаддунофари роҳбари давлат олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси машварати илмии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар ва донишгоҳ як силсила лоиҳаҳои илмиро амалӣ карда истодаанд. Яке аз лоиҳаҳои илмии умедбахши донишгоҳ ва вазорат ин ҷустуҷӯ ва ҷобаҷо гузоштани мероси хаттии ниёгон буда, аз халиҷи Бангола то гулугоҳи Босфорро фаро гирифтааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи давлати Сомониён халқи тоҷик раванди ташаккулёбии худро бо мувофаққият ба итмом расонида, дар адабиёт ва илмҳои гуногуни ҷаҳон ба дастовардҳои беназир ноил шуд. Ин дастовардҳо на танҳо ҷаҳони исломро фаро гирифт, балки ба тамаддуни ҷаҳонӣ низ ҳиссаи назарраси худро гузошт. Имрӯзҳо ин омил чун «ренессанси исломӣ» ба ҷаҳониён маълуму машҳур мебошад. Таҳқиқотҳои солҳои охири олимони ҷаҳон нишон дод, ки ҳиссаи бузурги ин «эҳёи тамаддуни исломӣ»-ро намояндагони минтақаи Вароруд ва Хуросон, ки аксарашон тоҷикон буданд, бунёд гузоштанд.
Ин раванди тамаддунофарӣ аз вазирони бузурги хилофати Аббосиён -Бармакиён оғоз ёфта, дар давраи даҳ амирони соҳибтамуддуни Сомониён ба нуқтаи олии худ расид. Ин гуфтаҳо дар ғояи «Буи ҷуи Мулиён»-и устод Рудакӣ, «Ал-Қонун»-и Ибн Сино, «Шоҳнома»-и безаволи устод Фирдавсӣ, алгебраи Хоразмӣ, ихтирои астролябияи Абу Маҳмуд Хуҷандӣ, «Таърихи Табарӣ», асари «Ҳиндустон»-и Берунӣ ва садҳо беҳтарин намунаҳои илму фанҳои гуногунро дарбар мегиранд, бо ифтихор номбар кардан мумкин.
Таҳлилҳои таърихиву муқоисавӣ ва мундараҷавии (контентанализ) мо нишон дод, ки дар ин «ренессанси исломӣ», хишти аввалини онро сулолаи бузурги вазирони Бармакиён гузошта ва девори бузурги онро амирони Оли Сомон бардоштанд, ки он дар фаъолияти фарҳангии ҳар як сулолаи баъдӣ (аз Ғазнавиён то Манғитиён) мояи ифтихор будааст. Албатта, ин машғулияти тамаддунофари Бармакиён-Тоҳириён-Сомониён бенизом набуда, балки дар асоси як ғояи хеле қавӣ дар таи 200 сол амалӣ гардидааст, ки маҳсули он то оғози асри ХХ ҳифз шудааст. Меҳвари ин ғояи бунёдӣ - ҳифзи забони модарӣ- тоҷикӣ аз фишори забонҳои арабӣ ва туркӣ буда, онро Сомониён ва пешрафтагони онҳо муваффақона иҷро намуданд. Амалигардонидани ин сиёсат бе коркарди як стратегияи қавӣ ғайриимкон буд.
Баъди давлати Сомониён ин стратегияи мушаххас, асосан, анъанаҳои хуби дастгирии аҳли илму маърифат аз тарафи меросхурони наздик ва дури онҳо (Ғазнавиён, Салҷуқиён, Ғуриён, султонҳои Деҳлӣ ва Бангола, Темуриён, Усмониён ва дигарон) идома ёфтанд. Сабаби асосии садсолаҳо идома ёфтани ин таҷрибаи беназири тамаддуни ҷаҳонӣ дар идома ёфтани истифодаи забони тоҷикӣ дар забони идораи он давлатҳо ба шумор меравад. Ин анъанаҳои фарҳангдӯстӣ дар баъзе аз давлатҳои Осиё то замони нав идома ёфт.
Ворид гардидани аврупоиён ба кишварҳои Осиё ба давом ёфтани ин анъана монеъгии сахт эҷод намуданд ва анъанаҳои тоҷикӣ бо сиёсати русҳо ва англисҳо иваз карда шуд.
Вазъият то ба он ҷо расид, ки олимони Аврупо имрӯз оиди фарҳанги гумшудаи Осиёи Марказӣ, ки ҳазор сол яке аз пешқадамтарин минтақаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт, сухан меронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё