Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Яке аз пешқадамтарин мутахассисони муосири Амрико оид ба Осиёи Марказӣ профессор Фредерик Старр дар китоби нави худ «Маорифи гумшуда. Давраи тиллои Осиёи Марказӣ аз истилои араб то давраи Темуриён» (Москва, 2017) дастовардҳои ин давраи дар ҳақиқат беҳтарини минтақаи моро холисона таҳқиқ менамояд. Лекин ин олими амрикоӣ дар фишурдаи (аннотатсияи) ин китоби илмиву таҳлилии худ бо таассуф таъкид менамояд, ки «имрӯзҳо Осиёи Марказӣ дар назари ҷаҳониён- якчанд ҷумҳуриҳои камбизоати дар як гушаи замини аз назари Офаридгор дурмонда, ки фарҳанги камранг доранд». Албатта, чунин баҳогузорӣ ба минтақаи мо, ки асоси фарҳангдории онро, асосан, ниёгони мо таъмин менамуданд, ба ҳақиқати таърих рост намеояд.
Барои амалӣ гардонидани нуктаҳои Паём ва дастурҳои Пешвои миллат олимони кафедраи минтақашиносии хориҷӣ дар дохили дигар сохторҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ саҳми муносиб доранд. Дар хориҷи кишвар, асосан, дар Ҳиндустон, Туркия, кишварҳои Кафқоз, Муғулистон, Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон намунаҳои адабиёти бисёрсоҳаи ниёгони мо (бо забони тоҷикӣ) хеле зиёд буда, мавриди омӯзиши ҳаматарафаи онҳо, баргардонидани нусхаҳои онҳо ва ба манзури хонандаи тоҷик гузоштани онҳо фаро расидааст. Олимони тоҷик ба назари профессор Фредерик Старр оид «маорифи гумшуда»- и кишвар ва минтақа розӣ шуда наметавонанд, танҳо «парокандагии» онро дар қаламрави кишварҳои гуногуни ҷаҳон эътироф намуда, ба баргардонидан ва шиносоӣ бо мундариҷаи пурмуҳтавои он шурӯъ намуданд.
Як гуруҳ олимони тоҷик аз Донишгоҳи миллӣ, Академияи миллии илмҳои кишвар ва Донишгоҳи санъат ва фарҳанг дар оғози соли 2020 ба марказҳои илмии Ҳиндустон сафар намуда, бо китобхона ва ганҷинаҳои китобдории он шинос шуданд. Нахустин натиҷаҳои таҳқиқотҳои саҳроии мо бениҳоят ҷолиб буд. Маълум гардид, ки миқдори дастхатҳои тоҷикии ниёгони мо дар ин кишвари бузург, аз назари мо, аз маҷмуи дастхатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон чанд маротиба бештар мебошад. Барои ҳамин мо дар

пешина
аз 335
навбатӣ