Ҷаҳони Тоҷикон

Ин ғалабаи нобиғаи ҳарбии Абумуслим оқибатҳои фарогир дошт:
Пас аз ин пирӯзӣ ҳокимони маҳаллӣ дигар бар муқобили ислом ҳимояи неруҳои беруна (дар симои туркҳо ё чиниҳо)-ро наҷуста, ба вазъи ба вуҷудомада воқеъбинона баҳо дода, сиёсати мутамарказгардонии Абумуслимро эътироф карданд. Тафовути куллии ҷанги Талас аз дигар ҷангҳои мусалмонон дар он буд, ки он на ҷиҳод барои ғанимат, балки ҳифзи минтақаи исломгардида аз душманони беруна буд. Агар ин ҷиҳод барои ғанимат мебуд, пас лашкари Абумуслим аз пушти душмани ақибнишининамуда рафта шаҳрҳои сершумори сарватманди Ҳафтрӯд ва ҳавзаи Таримро, ки дар масири Шоҳроҳи абрешим ҷойгир буданд, ғорат менамуд. Ӯ вазифаи стратегиро ҳал намуда, ба Варорӯд баргашт. Таҳаввулоти дидгоҳҳои Абумуслим пас аз ин ҷанги ҳалкунанда аз ходими содиқи Аббосиён ба муҳофизи воқеии минтақа табдил ёфтани ӯ аз тарафи муҳаққиқон, махсусан, қайд карда мешавад. Мувофиқи ин, таҳти таъсири ҳокимияти ӯ дар Варорӯд, таносуби равандҳои марказгурез ба сӯйи равандҳои марказгаро оҳиста-оҳиста тағйир меёбанд, ки дар тӯли зиёда аз сад сол (дар аҳди Сомониён) хусусияти устуворӣ пайдо мекунанд.
Тамаддуни исломӣ, ки дар хоки маҳал реша давонда буд, аз туфони пурқудрат аз тарафи Тан (Чин) тавассути неруҳои маҳаллӣ наҷот дода шуд. Дар воқеъ, таҳдиди воқеӣ ба ҷаҳони ислом аз Чин то соли 754 боқӣ монда, баъди исёни азими дар сарҳади шимолу шарқии Чин бо сардории фармондеҳи артиши чинии суғдитабор Ан Лушан хотима ёфт. Ӯ бо ҳамлаҳои мусаллаҳонааш императори Танро маҷбур сохт, ки саросемавор тамоми неруҳояшро аз Осиёи Марказӣ баргардонад. Ин вазъ минтақаро аз таҷовузи Чин комилан наҷот дод ва бо ин мавқеи тарафдорони Абумуслимро тақвият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё