Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Абумуслим, аз байн бурдани таҳдиди тамаддунии дар пешистодаи Чин гардид. Ҳамзамон, вақте ки Абумуслим фаъолияти худро дар Хуросон оғоз намуд (с.747), чиниҳо ҳавзаи Таримро ба даст оварда, ба Ҳафтрӯд таҳдид мекарданд. Пас аз пешгирии паҳншавии босуръати ислом ба Аврупо (муҳорибаи Пуате дар ҷануби Фаронса), аз тарафи ритсарҳои Карл Мартелл (с. 732), ин дафъа дар шарқи хилофат на туркҳо, балки чиниёни шуҳратпарасти империяи Тан фишори худро афзун намуданд.
Абумуслим дар наздикии Самарқанд истода бо фурӯ нишондани ошӯби маҳаллӣ машғул буд, писари ҳокими Шош (Тошканди муосир ва номи қадимиаш Чоч)-ро, ки чиниҳо падарашро ба қатл расонида буданд, бар зидди чиниҳо мадад пурсид. Сипаҳсолори дурандеш таҳдиди воқеии душмани то ҳол номаълумро, ки тавассути заминҳои беканори туркон гузашта, ба ин минтақа амиқ ворид шуда буд, дуруст муайян намуда, қисми беҳтарини артиши қавии сермиллати худро бар зидди рақиби нав сафарбар намуд. Қабл аз ин, ӯ қотеъона дар Варорӯд бо қабилаҳои гуногуни турк ҷангида, баъзе аз қабилаҳои онҳоро аллакай ба тобеияти худ дароварда, онҳо ба вай хизмат мекарданд. Ду нерӯи пурқудрат, асосан, лашкари Хуросон (Абумуслим), ки бо савораҳои туркӣ пурқувват гардида буд, таҳти сарварии фармондеҳи араби он Зиёд б. Солеҳ ва артиши Тан (Чин) таҳти сарфармондеҳи Гао Сян-тсзи (миллаташ кореягӣ) соли 751 дар водии Талас бархурд карданд. Аз нигоҳи таърихӣ, ин дуюмин муҳорибаи Талас буд, зеро аввалинаш дар ҳамин ҷой тақрибан 800 сол пеш (соли 36 пеш аз милод), вақте ки артиши Чин бо қабилаҳои хуннҳои бодиянишин меҷангид, ба вуқӯъ пайваста буд. Бо тафовути ҷанги якум дар ин муҳориба чиниҳо, бо матонати сарбозони Абумуслим торумор карда шуданд. Дар қисми хотимавии ҷанг қабилаи бодиянишини қарлуқҳо, ки то ҳол аз тарафи чиниҳо меҷангиданд, ба тарафи артиши исломии Абумуслим гузаштанд.

пешина
аз 335
навбатӣ