Ҷаҳони Тоҷикон

Маҳорати хуби тиҷоратии суғдӣ ба тамоми халқҳои қадим ва асрҳои миёна маълум буд, ки онро мо дар мисоли фиристодани сафорати тиҷоратии Хоқонҳои турк бо роҳбарии тоҷири суғдӣ Маниах ба пойтахти империяи Рум (Византия) дар боло дидем.
Мисоли навбатии тавсифоти суғдиёнро яке аз роҳиб- сайёҳони машҳури чинӣ (буддоӣ) Сюан-Тсжан овардааст: «ҳам падарон ва ҳам фарзандон дар бораи фоида фикр мекунанд, сарват фахри бузург аст. Зоҳиран байни ашрофон ва мардуми оддӣ тафовуте нест–бо вуҷуди сарвати зиёд онҳо хеле содда либос мепӯшанд ва хӯрок истеъмол менамоянд. Дар ин ҷо теъдоди зироаткорон ва тоҷирон баробар аст». Ба ибораи дигар, вақте ки ин сайёҳи буддоӣ дар ибтидои асри VII аз Чин ба Ҳиндустон тавассути Турон ва Хуросон мегузашт, шумораи тоҷирони суғдӣ зиёд буданд ва дар давлат як табақаи махсусро ташкил медоданд.
Дар ин ҷо мумкин аст, амалҳои ҳокимони Макка ва Суғдро муқоиса намоем. Агар ҳокими воқеии Макка Абусуфён муддати тӯлонӣ ба таъсиси ҷомеа ва давлати исломӣ муқобилият карда, дар он таҳдид ба иқтидору имконоти шаҳри муқаддаси худро дида бошад, пас фарзандон ва набераҳои ӯ бо роҳи қабули ислом манфиатҳои калон ба даст оварданд ва аввалин империяи сулолавӣ, хилофати Умавиёнро дар Димишқ таъсис доданд. Ҳамин тавр, ҳокимони суғдӣ таҳдидҳо ба худ ва шаҳрҳои сершумори тиҷорати худро дар масири Шоҳроҳи Абрешим аз ҳамлаи арабҳо бо парчами ислом дида, бар зидди онҳо устуворона муқовимат нишон дода, иттифоқчиёни худро барои кӯмак даъват мекарданд. Сомониён бошанд, ки ворисони тахти Суғд буданд, баръакс, аз мавқеи транзитии давлати худ ба ҳадди бузург манфиат гирифта, онро ба шимол (ба Исфиҷоб) ва ҷануб (ба Систон) тавсеъа дода, дар кулли

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо