Ҷаҳони Тоҷикон

шаҳрҳои бузурги бостонии Чин, аз ҷумла, пойтахти он, дар солномаҳои қадимаи Чин маъруф шудан ва ёддоштҳои таърихӣ бо ному насабҳои чинӣ (Ан, Кан, Ши, Хэ, Ми ва ғайра) хеле рангин тасвир кардаанд.
Дар ин ҷо таъкид кардан бамаврид аст, ки тавре ин порчаи мутахассиси маъруф дар омӯзиши Шоҳроҳи Абрешим гувоҳӣ медиҳад, аллакай то асри II, яъне дар давраи аввали фаъолияти ин роҳи тиҷорати ҷаҳонӣ, суғдиҳо ҳамаҷониба дар пойтахтҳои империяи Хан ҷойгир шуданд ва аллакай бо насабҳои чинии Ан (зодаи Порт, баъдтар Бухоро), Кан (зодаи Самарқанд) ва бисёр дигарон маъруф гардиданд. Онҳо дар тӯли беш аз ҳазорсола ҳамчун тоҷир ва сафир мақоми афзалиятнок доштанд. Ин андешаро маълумоти як мутахассиси дигари рус тасдиқ мекунад, ки дар он масъалаҳои тиҷоратӣ ва робитаҳои дипломатӣ дар Чин дар давраи «Панҷ сулола ва даҳ салтанат» (с. 907-960) тавсиф кардааст: «Дар байни суғдиён, аз рӯйи шумора, ҷойи аввалро касоне, ки аз Бухоро насаби Ан доштанд, ишғол мекарданд; пас намояндагони Чоч (ё Шош-Тошканди муосир-М.А.) (насаби Ши) ва танҳо як сафир аз Маймурғ (бо насаби Ми) буд».
Ҳамин тариқ, ниёгони халқи тоҷик, алалхусус суғдиҳо, дар ташаккул ва шукуфоии Шоҳроҳи Абрешим саҳми босазо доштаанд ва забони онҳо дар тӯли масирҳои ин шоҳроҳи байналмилалӣ ба забони муоширати байни халқҳо (lingua franca) табдил ёфтааст.
Муқовимати сахти суғдиён, ки яке аз қадимтарин минтақаҳои фарҳангию таърихии тоҷикон, ба ҳамлаи арабҳо низ аз бисёр ҷиҳат ба нигоҳ доштани афзалияти тиҷоративу иқтисодии худ дар роҳҳои шарқии ин масири тиҷорати байналмилали савдо аз бисёр ҷиҳат вобаста буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо