Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо бояд таъкид намуд, ки В. В. Бартолд тахмин мезанад, ки маҳз аз ҳамин истилоҳи санскритӣ «сартавак» («sarthavaha» ё «sarthabaha»), ки маънояш «сорбони корвон» мебошад, калимаи «сарт» баромадаст, ки баъдтар аз маънои танги “тоҷир”, номи тамоми аҳолии бумии Варорӯдро дарбар гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ:
«дар адабиёти туркии асри XI калимаи «сарт» на ҳамчун номи халқи маъмул, балки ҳамчун дар маънои «тоҷир» вомехӯрад. Муғулҳо дар асри XIII калимаҳои «сартак» ва «сартаул»-ро, ки аз ин реша гирифта шудаааст, ба маънои «тоҷик» ва «мусулмон» истифода кардаанд ва натанҳо эрониён, балки туркҳои мусулмонро низ «сартакҳо» меномидаанд. Дар охири асри XV наслҳои туркшудаи муғулҳо дар Туркистон (Варорӯд - М.А.) калимаи «сарт»-ро ба маънои «тоҷик» истифода карда, забон ва адабиёти сартҳоро ба забон ва адабиёти туркҳо муқобил мегузоштанд» .
Ба андешаи мо, номи «сарт», ки тақрибан дар як вақт бо этноними «тоҷик» пайдо шуда, аз доираи истифодаи маҳдуди касбӣ берун баромада, ба намояндагони аҳолии тоҷики бумӣ ва шаҳрнишини Варорӯд паҳн гашта, аз давраи Шоҳроҳи Абрешим то ба аввали асри ХХ васеъ истифода мешуд. Он дар баробари мусбат пур кардани этноними «тоҷик», дар айни замон тарзи ҳаёти суннатии он ва инчунин вазифаи фарҳангофаринии онро таъкид кардааст.
Дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён, тоҷирони суғдӣ ва хуросонӣ на танҳо дар қисми шарқии Шоҳроҳи Абрешим ҳукмронӣ доштанд, балки ба канори ғарбии он – Испанияи исломӣ низ расиданд. Оиди сафарҳои пайдарпаи онҳо то ба Испанияи дур як падида, ки дар илми таърих бо номи «мукотибаи яҳудӣ-хазарӣ»
маъруф аст, шаҳодат медиҳад.

пешина
аз 335
навбатӣ