Ҷаҳони Тоҷикон

-сеюм, аҳолии Хуросон ва минтақаҳои ҳамшафати соҳили чапи Омуро, асосан тоҷикони бумӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо садоқати худро ба ворисони Сомониён дар симои Ғазнавиён, собиқ зердастони онҳо нигоҳ доштанд. Ба Варорӯд бошад, ҳамроҳ бо Қарахониён аз Дашти Бузург (Дашти Қипҷок) қабилаҳои ҳархела ворид шуда, кишварро ба макони даргириҳои дохилӣ ва низоъҳо табдил доданд. Дар Хуросон имконият пайдо шуд, ки Ғазнавиён тақрибан ҳамаи унсурҳои стратегияи Сомониёнро паҳн кунанд: истифодаи забони тоҷикӣ дар коргузории давлатӣ; нигоҳ доштани нақши роҳбарикунандаи вазир ва кори муназзами девонҳои давлатӣ; афзалият ба аморати / салтанатӣ суннатӣ нисбати имомати шиамазҳаб; дастгирии равияи ҳанафии исломи суннитабор; таҳкими минбаъдаи синтези тоҷикӣ-туркӣ; сарпарастӣ бар Шоҳроҳи Абрешим ва алахусус, сарпарастӣ нисбати «аҳли қалам».
Ҳамчун мутахассиси сулолаи Ғазнавиён профессор К.Е.Босворт чунин қайд кардааст: «Ғазнавиён решаҳои даштии бутпарастии худро комилан тарк карда, анъаноти ҳукумати форсӣисломиро (тоҷикиро- М.А.) бо рӯҳбаландӣ қабул карданд, ки онро дар қаламравҳои нав ба даст овардаашон мувофиқ донистанд. Ба ин раванди азхудкунии суннатҳо кормандони маъмурӣ аз сохти давлатии қаблӣ мусоидат карданд. Вақте ки Маҳмуд Хуросонро ишғол намуд, аксари мансабдорони Сомониён дар мақомҳояшон монданд ва садоқати худро ба ҳокими нав интиқол доданд.
Масалан, нахуствазири Маҳмуд, Абулаббос Фазл Исфарайнӣ, қаблан котиби Фоиқ (сарвари саркаши ҳарбии Сомониён-М.А.) буд. Баъзе амалдорон, масалан, қозӣ Шерозӣ, ки волии мулкӣ дар шимоли Ҳиндустон дар қисми аввали ҳукмронии Масъуд буд, собиқаи хизмат дар сохтори Оли Бӯйяро дошт. Ин гуна одамони соҳибтаҷриба дар маъмурияти Ғазнавиён истиқбол карда мешуданд, алалхусус, барои он, ки тавсеаи империя бо роҳбарии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо