Ҷаҳони Тоҷикон

Дар масъалаи идомаи анъанаҳои Сомониён (стратегия) байни ин ду давлати ворис, маҳз давлати Ғазнавиён муваффақиятҳои бузург ба даст овард. Ин ҳолат як қатор сабабҳои объективӣ дорад:
-аввалан, ҳам султон Маҳмуд ва ҳам гузаштагонаш (волии Хуросон Алптегин ва амири Сомониёни Ғазна Сабуктегин) аз муҳити низоми давлатдории мутамаркази Сомониён баромада, ба анъанаҳои он содиқ монданд ва баъди фурӯпошии давлати Сомониён ин суннатҳоро дар сиёсаташон комилан қабул карданд;
-дувум, онҳо амирони Сомониро аз нооромиҳо ва низоъҳои дохилӣ, ки аз ҷониби ҳокимони вилоятҳои ҷудогонаи давлат аз қабили Фоиқ, Бегтузун, Абуалӣ Симҷурӣ ва дигарон ташкил гардида буданд, чанд маротиба наҷот дода, то охир ба амирони Сомониён содиқ монданд. Тибқи маълумоти муаррихон, ҳатто аввалин мулки Алптегин дар Ғазна, ки соли 962 бунёд шудааст ва аз ҷониби писар ва вориси ӯ Исҳоқ соли 965 аз даст рафтааст, ба шарофати кумаки ҳукумати марказии Сомониён ба ӯ баргардонида шуд. Амири Сомонӣ дар Ғазна Сабуктегин ва писари ӯ - Маҳмуд дар тӯли беш аз бист сол (с. 977-999) муборизаи амирони сомониро бар зидди ҳокимони вилоятҳои ҷудогона ва волиёни саркаш дастгирӣ менамуд. Танҳо дар охир, дар давроне, ки пошхӯрии давлат хусусияти бебозгашт пайдо кард, онҳо низ ба мубориза барои мероси Сомониён ҳамроҳ шуданд ва кишвари Хуросонро ба давлати худ дохил карданд.
Тобистони соли 999 Маҳмуд унвони анъанавии ҳокимони Хуросон (сипаҳсолор)-ро напазируфта, бародари худ Насрро ба ин вазифа таъин кард, ки маънои интиқоли ниҳоии қудрат дар соҳили чапи Амударё ба Султон Маҳмудро дошт;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо