Ҷаҳони Тоҷикон

Аммо, мо дар низоми маъмурии султон Маҳмуд на ҳама даҳ девон, балки панҷ девони калидиро мебинем: «аз рӯи сохтори худ маъмурияти Ғазнавиён ба таври возеҳ аз Сомониён дар Бухоро сарчашма мегирад. Панҷ идораи бузурги давлатӣ: девони вазорат, идораи вазир, ки бо молия ва идоракунии умумӣ сарукор дорад; девони рисолат, ки бо мукотибаи расмӣ ва дипломатӣ алоқаманд аст; девони ардӣ – девон ё котиби ҳарбӣ, ки артишро ҷамъоварӣ, ташкил ва муҷаҳҳаз мекунад; девони ишраф, сармушриф бо иртиботи дохилӣ ва системаи ҷосусӣ; ва девони ваколат, девони вакили хос, ё нозири дарбори шоҳ ва масъули идораи қасри шоҳ ва маъмурияти амволи шоҳӣ (давлатӣ) мавҷуд буданд. Ҳамаи ин идораҳо дар салоҳияти котибони форсӣ (тоҷикӣ -М.А.) буданд, ки суннатҳо ва усулҳои ҳунари худро дар онҳо идома медоданд. Агарчи султонҳо маслиҳати мансабдорони худро гӯш мекарданд, аммо онҳоро ҳатман қабул намекарданд, зеро қудрати онҳо аз ҷиҳати назариявӣ бо одамони дигар маҳдуд набуд.
Дар ҳоле, ки султон Маҳмуд машғули таҳкими пояҳои давлати худ буд, ӯ ҳамзамон Маъмуниёни Хоразмро тавассути дипломатияи издивоҷ дар мадори сиёсати худ нигоҳ медошт, то он даме, ки ҳар ду писар- ворисони асосгузори давлати Маъмуниён Абулҳасан Алӣ ва Абулаббос бо хоҳарони султон Маҳмуд издивоҷ карда буданд.
Соли 1017 султон Маҳмуд аз муноқишаҳои дохилӣ дар ҳукумати Хоразмшоҳони Маъмунӣ, ки дар натиҷаи таҳдидҳои вай рӯ ба таназзул оварда буд, бо баҳонаи ҷазо додани «қотилони домодаш, ҳокими қонунӣ» ба ин кишвари аз пойтахташ хеле дур бо артиши 100 ҳазор нафара, ки бо 500 фили ҷанги пурзӯр карда шуда буд, ҳамла кард. Султон кишварро забт карда, натанҳо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо