Ҷаҳони Тоҷикон

давлати худ шомил кард, балки аксари иштирокчиёни академияи Маъмун/Саҳлиро бо сарварии Абурайҳон Берунии машҳур бо худ гирифта, ба Ғазна баргашт. Аз ҳамон лаҳза бартарии сарпарастӣ бар «аҳли қалам» аз Варорӯд, ба ин минтақаи канории Хуросон, воқеъ дар «дарвозаҳои Ҳиндустон» чойгир буд, гузашт. Тавре мутахассис ёдовар мешавад, «ҳокимони Ғазнӣ ба тамоми ҷаҳон беист хотиррасон мекарданд, ки ҳукмронии онҳо бар тарзи мукаммалу фарҳангии Сомониён асос ёфта аст».
Баъди аввалин юриши муваффақонаи ҳарбӣ ба Варорӯд бошад, султон Маҳмуд (с. 1025), бо дархости яке аз тарафҳои даргир, ки ҳокимони қарахонӣ байни ҳам душманӣ доштанд ва ронда шудани ғосиби тахтҳои Бухоро ва Самарқанд Алптегин, вай худро дар муносибат бо халифа ҳамчун ҳокими мустақили тамоми шарқ (ҳамчун «вориси ҳақиқии Сомониён») муаррифӣ намуд. Халифа ӯҳдадор шуд, ки бо Қарахониён танҳо тавассути султон Маҳмуд робита дошта бошад.
Султон Маҳмуд низ ба монанди асосгузори воқеии давлати Сомониён Амир Исмоили Сомонӣ, тибқи гузориши таърихнигорони асрҳои миёна ва муосир, маҳорати фавқулодаи идоракунӣ дошт. Коршиносон сифатҳои зерини султон Маҳмудро ҳамчун нерӯи хастанашаванда, иродаи қавӣ, ақли олӣ, ҳисси адолати қонунӣ, сарпарастии олимон, шоирон ва уламо, таваҷҷӯҳ ба меъморӣ ва боғдорӣ, истифодаи ками ҳукми қатл ба марг, инчунин мағрурӣ, таассуби кӯтоҳандешона ва ситамгариро зикр кардаанд. Барои мо, пеш аз ҳама, чунин сифатҳои султон ба монанди риояи волоияти қонун дар давлат, вақте ки «ҳатто дар мусодираи молу мулки гунаҳкорони давлат кӯшиш ба харҷ дода

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо