Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба Узганд (собиқ пойтахти ҷанубии Қарахониён) расид. Хони Қошғар бо ибрози итоаткорӣ ба ин ҷо омад ва розӣ шуд, ки хутба ба номи ӯ хонад ва тангаро бо номи ӯ сикка занад. Султони салҷуқӣ волиашро дар он ҷо таъин намуда, ба пойтахти худ баргашт. Пас аз чанд вақт, Маликшоҳ Аҳмадхонро ба Варорӯд ба тахт баргардонд, ки дар он ҷо руҳониён ва як қисми нухбагони низомӣ, ки ба онҳо ҳамроҳ шуданд, бар зидди ӯ баромаданд. Соли 1095 фақеҳону қозиҳои самарқандӣ хонро дар иртибот бо бидъатпарастони дайламӣ (шиаҳо) дар замони дар Эрон буданаш айбдор карда, дар бораи сарнагун кардани ӯ фатво доданд. Дере нагузашта, Аҳмадхони аз тахт барканоршуда, бори аввал дар таърихи Варорӯд, дар назди додгоҳи фақеҳон истода, гуноҳашро эътироф накард. Қозиён далелҳоро раднопазир дониста, ӯро (бо тарзи бо камон буғӣ карда куштан) ба қатл маҳкум карданд.
Ҳамин тариқ, руҳониёни суннатӣ дар тӯли тақрибан сад соли таърих, баъди гузашти давраи Сомониён, ба як нерӯи тавоное табдил ёфтанд, ки натанҳо бо даъвати ҳокими давлати ҳамсоя, балки инчунин бо содир кардани ҳукми қатл, ҳатто ба ҳокими олии дунявии давлат низ қудрати тағйир додани ҳокимиятро доштанд. Ба андешаи мо, ин ҳолатро тавозуни қудрати дунявӣ ва динӣ дар Варорӯд номидан мумкин нест, балки таназзули шадиди таҳаммулпазирӣ ба тафаккури озод ва муносибати оқилона дар ҳаёт номидан мумкин аст. Натиҷаи чунин ҳолат аст, ки мо дар замони Қарахониён танҳо гуруҳи кӯчаки олимон ва мутафаккирони бузургро мушоҳида мекунем, ки дар давраи Сомониён хеле зиёд буданд.
Аммо парвози баланди афкори илмии даврони Сомониён ба пуррагӣ қатъ нашуда, баъзе аз намояндагони «аҳли қалам» ба дарбори султони Ғазнавӣ рафтанд ва афкори зеҳнии маҳаллӣ ҳанӯз ҳам дар он ҷо эҷодиётро идома медод. Илова бар ин, дар адабиёти тоҷик дар баробари назм рушди наср низ оғоз ёфт. Ба ин навъи осори пурарзиш

пешина
аз 335
навбатӣ