Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Писар ва ҷонишинаш – Шамс-ул-Мулук Наср, ки пас аз истеъфои падараш ба тахт нишаст (с.1068), сиёсати падарашро дар бобати ғамхорӣ нисбат ба мардум идома дод. Хон тарзи зиндагии бодиянишини худро идома дода, зимистон бо лашкараш дар наздикии Бухоро қарор мегирифт. Ҳамзамон, ӯ фармон медод, ки сарбозонаш бедодгарӣ накунанд ва фазои сокинони маҳаллиро танг нанамоянду зулм накунанд ва пас аз ғуруби офтоб ягон сарбоз набояд дар ҳудуди шаҳр монад. Бо вуҷуди ин, бархурди мақомоти дунявӣ ва динӣ дар давлати Қарахониён идома меёфт ва дар ибтидои ҳукмронии худ хон имом Абуиброҳими Саффорро дар Бухоро, ки «хонро ба иҷрои дастурҳои дин водор сохта ва ӯро аз ҳаром нигоҳ медошт», ба қатл расонд .
Дар замони ҳукмронии вориси ӯ Хизрхон (аз соли 1080), тибқи маълумоти муаррихони асрҳои миёна ва муосир, анъанаи сарпарастии Сомониён ба шоирон қариб пурра барқарор карда шуд. Онҳо ба унвони мисол одати ҳоким ва ашрофзодагони Варорӯдро меоваранд, ки дар толорҳои қабули меҳмонон табақҳои тилло ва нуқра мегузоштанд; дар дарбори худи хон чунин чор табақча буд ва дар болои ҳар яки онҳо 250 динор буд; боре ҳамаи ин чор табақча насиби як шоир гашт.
Дар давраи ҳукмронии вориси ин хон–Аҳмадхон бошад, муқовимати мақомоти дунявӣ ва динӣ ба авҷи аълои худ расид. Дар ибтидои ҳукмронии ин хон вазир Абунасри Косонӣ, ки дар назди хони гузашта қозикалони давлат буд, қатл карда шуд. Хони ҷавон ба зулми аҳолии кишвар шурӯъ кард ва фақеҳи шофеӣ Абутоҳир ибни Илк аз номи мардум султони салҷуқӣ Маликшоҳро ба кишвар даъват кард.
Дар соли 1089 султон Бухоро ва сипас Самарқандро ишғол карда, хони асиргаштаро ба пойтахти худ (Исфаҳон) фиристод ва то

пешина
аз 335
навбатӣ