Ҷаҳони Тоҷикон

кӯчманчиён ва шаҳрҳои Ҳафтрӯд мегузаштанд. Аммо, эҷоди як масҷиди ҷомеъ дар як шаҳри тиҷоратии калидӣ дар масири шимолии Шоҳроҳи Абрешим ҳамчун такони тавоное барои гузариши тадриҷии аҳолии маҳаллӣ (ҳам бумӣ ва ҳам бодиянишин) ба дини нав- ислом мусоидат намуд. Коршиносон эътироф мекунанд, ки баъзе аз оғузҳо ва дигар туркҳое, ки бо насли аҳолии қадимаи ҳиндуаврупоӣ (тоҷикон) дар минтақа омехта буданд, туркманҳо номида мешуданд. Худи номи «туркман», асосан, дар минтақаи ҷойгиршавии оғузҳо, ки исломро қабул кардаанд, пайдо мешавад. Тибқи тафсири академик В. В. Бартолд, мафҳуми «туркман» бори аввал дар адабиёти мусулмонӣ аз нимаи дуюми асри Х дар осори ҷуғрофидони арабизабон, ал-Макдисӣ пайдо шудааст, ки дар нигоштаҳои худ онҳоро ҷойгузини минтақаҳои наздисарҳадии мулкҳои мусулмони Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Филологсуғдшиноси маъруфи рус В. А. Лившитс дар асоси таҳлили ҳуҷҷатҳои аз кӯҳи Муғ пайдошудаи ҳуқуқии суғдӣ эътироф мекунад, ки калимаи «туркман» нахустин бор дар яке аз ин ҳуҷҷатҳо оварда шуда, метавонад решаи суғдӣ дошта бошад.
Ҳамзистии нисбатан осоиштаи ниёгони халқҳои тоҷику туркман (дар қатори дигар халқҳои туркӣ), вақте ки нуқтаҳои аҳолинишини тоҷикон ва урдугоҳҳои бодиянишин дар ҳамсоягӣ қарор доштанд, ба эҳтимоли зиёд он воқеияти таърихист, ки туркманҳо (мисли туркҳои қаблӣ) номи худро аз суғдиён гирифта, дар ин мавзеъҳо аз замонҳои пешин зиндагӣ мекунанд.
Ҳукумати олии ин минтақа баъди лашкаркашиҳои Сомониён ба онҳо тааллуқ дошт, ки онро ҳокими Исфиҷоб мустақиман дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор