Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

маҳал амалӣ мекард ва ягон хел хироҷ пардохт накарда, ба Бухоро танҳо ҳамчун хироҷи рамзӣ туҳфаҳо мефиристод. Ин вазъ, яъне озодкунӣ аз хироҷ ба ин минтақаи наздисарҳадӣ (Исфиҷоб), эҳтимолан, аз он сарчашма мегирад, ки андозҳо ва пардохтҳои ҷамъовардашуда барои нигоҳ доштани артиш (иборат аз муборизони эътиқоди динидошта-ғозиён), истеҳкомоти қалъаҳо ва инчунин, корвонсаройҳо пешбинӣ шуда буданд. Ба ибораи дигар, Сомониёни дурандеш, хатари эҳтимолии қабилаҳои бодиянишини ғайримазҳабӣ ба минтақаҳои муқимии давлати худро дарк карда, ин минтақаи марзии шимолиро аз фиристодани андоз ба маркази кишвар озод карданд. Ин вазифаи стратегӣ барои таҳкими қисми шимолии анъанавии осебпазири қисми Варорӯд боиси кам шудани ҳамлаҳои ғоратгарона аз тарафи қабилаҳои бодиянишин гардид.
Ҳам муаллифони асрҳои миёна ва ҳам муосир аз мавҷудияти тиҷорати пурҷӯшу хурӯши байни қабилаҳои оғуз (туркман) бо ҳамсоягони наздик ва дури худ, инчунин бо аҳолии муқими Ҳафтрӯд ва Суғд, ки ба мулкҳои Сомониён шомил шуданд, шаҳодат медиҳанд. Истахрӣ хабар медиҳад, ки «қисми зиёди сарвати хоразмиён натиҷаи тиҷорати онҳо бо туркҳои атроф мебошад. Гурганҷ анбори моли оғузҳо буд. Корвонҳои тиҷоратӣ аз он ҷо ба Хуросон, Гургон ва Хазар фиристода мешуданд.
Мақдисӣ қайд мекунад, ки «майдони шаҳри Урганҷ макони бузурги хариду фуруши чорвои воридотӣ буд».
Ғайр аз таъмин намудани тиҷорати корвонгард бо нақлиёти ҷонӣ, ки он низ манбаи даромади иловагии қабилаҳои оғуз ва туркман мебошад ва аз қаламрави васеи он мегузашт, онҳо, инчунин тиҷорати ғуломдориро низ ба роҳ монданд. Манбаи

пешина
аз 335
навбатӣ