Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Писари халифа Ал-Маҳдӣ ва набераи Мансур - халифа Ҳорун ар-Рашид (с.786-809) гулгулшукуфии Бағдод, аз рӯйи баъзе баҳогузориҳо «асри тиллоӣ»-и ин шаҳр ва хилофатро таъмин кард. Ба андешаи мо, ҳукмронии чорякасраи ин халифаро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст:
1)Солҳои 786-803 ҳамчун салтанати муваффақ бо такя ба вазирони бузурги Бармакиён; 2)Солҳои 803-809 чораҳои ҷазо алайҳи «сутуни тахт», яъне Бармакиён, шӯришҳо ва нишонаҳои таназзули хилофат.
Дар солҳои ҷавонӣ, халифаи оянда – Ҳорун аз тарафи падараш ба вазири барҷаста, бомаърифату дурандеши Яҳё писари Холиди Бармакӣ дода шуда, раванди омӯзиши ӯ аз омӯхтани матнҳои қадим, муосир ва машқҳои амалӣ иборат буд. Дар баробари таълими классикӣ Яҳё Холид Бармакӣ метавонист доир ба хидмати вазирӣ бо халифаи якум мубодилаи таҷриба намояд.
Муҳаққиқон дар як ақидаанд, ки асри тиллоии Бағдод, дар солҳои аввали бунёд ва ривоҷ ёфтани он, асосан, бо номи Ҳорун ар-Рашид алоқаманд аст. Аммо, далелҳои таърихӣ мавҷуданд, ки халифа маҷбур буд, ки солҳои дароз (10 сол) берун аз пойтахти хилофат бимонад, аввал дар шаҳри Ракка (Сурия) зиндагӣ кунад ва пас барои омодагии гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ рӯзгорро дар қаламрави империяи Византия ба сар барад.
Ӯ корнамоиҳои ҳарбиро дӯст медошт, анъанаи (ҷиҳод) халифаҳои пешинаро (ҳам Умавиён ва ҳам Аббосиён) идома дода, ба империяи масеҳӣ муқобилият мекард. Аз ин рӯ, дарвоқеъ, пойтахти як империяи бузурги мусулмононро Бармакиён идора мекарданд, ки онҳо натанҳо барои ба сари қудрат омадани Ҳорун (барои дур кардани бародараш аз қудрат кӯмак карда буданд) мусоидат намуданд, балки баъдан бо сабаби

пешина
аз 335
навбатӣ