Ҷаҳони Тоҷикон

таҷрибаҳои олии эронии идораи давлатии як империяи азим (хилофат) буд. Тавре ки муҳаққиқ менависад: «Бағдод дар асл на ҳамчун пойтахти империя, балки ҳамчун иқоматгоҳи хуросониён дур аз Куфа, ки халифа дар он зиндагӣ кардан мехост, таъсис ёфтааст. Вале дар ин урдугоҳ онҳо муоширатро бо ватани худ нигоҳ медоштанд ва он мавқеи ҳукмрон дар ҳизб ва артиш, ки онҳо дар хидмати Аббосиён ба даст оварданд, ба халқ ва музофоти онҳо, Шарқи Эрон паҳн шуданд. Дар зери ниқоби исломи байналмилалӣ эронпарастӣ бар арабҳо ғолиб омад».
Агар халифа Ал-Мансур ҳамчун бунёдгузори Бағдод амал мекард, пас писари ӯ ал-Маҳдӣ дар бораи ҷорӣ кардани мансаби олии давлатӣ – вазир (вазири якум), ки дастгоҳи мансабдориро сарварӣ мекард ва мустақиман ба халифа ҳисобот медод, анъанаи Бохтару Сосониёнро нишон медод. Соли 758, ал-Мансур писари хурдии худро ҳокими Хуросон таъин кард, ки марказаш он вақт шаҳри Рай (наздикии Теҳрони муосир) буд. Мушовири асосии ӯ Яҳё писари Холиди Бармакӣ буд, ки дар тулии тамоми ҳаёташ ҳамсафи содиқи ал-Маҳдӣ шуд. Ал-Маҳдӣ ҳангоми иваз намудани стратегияи ҷангӣ бо Византия, лашкари азиме барои ҷанг бар зидди он омода кард, ки дар сари он писараш Ҳорун ар- Рашидро гузошт, вале пешвои асосӣ Яҳё писари Холид буд. Соли 780 сарбозони хилофат Осиёи Хурдро убур карда, ба деворҳои Константинопол расид. Маликаи Византия (Рум) Ирина қудрати ҷангро надошт ва маҷбур шуд сулҳ бандад. Дар ин ҷо, мо боз як паҳлӯи дигари фаъолияти сулолаи Бармакиёнро мушоҳида мекунем, ки онҳо, инчунин, дар фаъолияти омода намудани юриши калони ҳарбӣ ва дар пешбурди гуфтушунид тафовут доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё