Ҷаҳони Тоҷикон

Яке аз муаллифони асари маъруфи таърихӣ (Таърихи Кембриҷии Эрон) таъкид кардааст, ки сарфи назар аз ҷангҳо ва сахтиҳои марбут ба онҳо дар давраи Салҷуқиён: «тамаддуни Эрон ба авҷи дастовардҳои динӣ ва дунявӣ расид, ки аз онҳо гузаштан осон набуд. Нафароне чун Ғаззолӣ, Шаҳристонӣ, Насафӣ, Низомулмулк, Умари Хайём, Абусаъд Абулҳайр, Анварӣ ва Муиззӣ дар он солҳо умр ба сар мебурданд.
Навгониҳои муҳими техникӣ дар керамика (сафол) ва коркарди металл ба амал омаданд. Бофандагон ба маҳорати баланди техникӣ ноил гардиданд; унсурҳои нави миқёс ва таркиби фазоӣ ба меъморӣ ворид карда шуданд. Давлати Салҷуқиён он қувваи ташкилкунандае буд, ки шароитро барои рушди санъат фароҳам овард ва истеъдоди ин ва бисёр одамони дигар равнақ меёфт».
Бешубҳа, оғузҳо – салҷуқиён, дини исломро қабул карда, этноними нави «туркманҳо»-ро (аз суғдиҳо) пазируфта, дар солҳои охири ҳукмронии Сомониён дар равандҳои иҷтимоӣ ва сиёсии минтақа фаъолона ширкат меварзиданд. Пас аз тақсими мероси Сомониён аз ҷониби Қарахониён ва Ғазнавиён ва аз байн рафтани пешвоёни пешинашон, онҳо дар ибтидо байни қудратҳои нав ҳилаву найрангро ба кор мебурданд. Бо мурури заиф шудани ин давлатҳо, нуфузи онҳо боло мерафт. Вақте ки онҳо давлати азими мутамаркази худро, ки дар ғарб то ба соҳили баҳри Миёназамин расид, бунёд карданд, онҳо, инчунин таҷрибаи таъсисдиҳии давлатдории Сомониён ниёз доштанд.
Дар ин самт, онҳо ҳамчун шогирдони боғайрати хайрхоҳони собиқи худ амал карданд, зеро онҳо стратегияи Сомониёнро пурра қабул карданд. Дар давраи ҳукмронии онҳо (ва бо дархости онҳо) «Сиёсатнома»-и вазири бузурги тоҷик Низомулмулк офарида шудааст, ки тамоми намунаҳои беҳтарини идоракунии гузашта ва замони худро дар ҳукуматдорӣ ва тамоми таҷрибаи беҳтарини стратегияи Сомониён ва ворисони онҳо–Ғазнавиён ва Салҷуқиёнро фаро гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор