Ҷаҳони Тоҷикон

оромии дарозмуддат дар пойтахти империяи ҷаҳонӣ, балки дар ташкилу идомаи муттаассили (эстафетаи) донишҳои илмӣ аз ҷаҳони қадим то асрҳои миёна (аз ҷаҳони юнонӣ-римӣ ба ҷаҳони ислом) ёд карда мешавад.
Ин оилаи шариф робитаи худро бо Осиёи Марказӣ қатъ накард. Вақте ки дар минтақа боз авҷи нооромӣ сар шуд, худи Яҳё Бармакӣ ҳамчун ҳокими тамоми Осиёи Миёна (аз ҷумла «ватани хурд» дар Балх) ба он ҷо баргашт. Ин волӣ мушкилоти аҳолии маҳаллиро дарк намуда, тамоми даромадҳои андозро дар минтақа монд, ки баробар ба амали саркашӣ ба Бағдод буд, ки ин боиси сабукдӯш ва иваз шудани ӯ бо шахсе дигар гардида, минтақаро ба доираи ғуломӣ ва шӯришҳои кӯҳна баргардонд.
Тавре ки муҳаққиқон қайд мекунанд, олимони Осиёи Марказӣ меҳмонони зудои шабнишиниҳои зиёди ташкил кардаи ин оилаи сарпарастони Бағдод буданд.
Шогирди Бармакиён Ҳорун ар-Рашид, ки ба сӯйи ҷиҳод ҷаззоб буд, ба шоирон ва навозандагони араб афзалият медод.
Худи Бармакиён ба илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ диққати ҷиддӣ медоданд, ки дар он ҷо мардуми Хуросон ва Варорӯд дар ҷаҳони илми ислом ҷойгоҳи махсус пайдо мекарданд.
Ба гуфтаи коршиносон, муҳимтарин саҳми ин сулолаи бузурги вазирони Бағдод дар тамаддуни ҷаҳонӣ дар он аст, ки онҳо ташаббускори тарҷумаи дастнависҳои юнони қадим ба забони арабӣ буданд. Донишманди амрикоӣ Фредерик Старр чунин мешуморад, ки «дар муддати асрҳо Бармакиёни буддоӣ ҳамчун миёнаравҳои фарҳангӣ байни Ҳинд ва Осиёи Марказӣ хидмат мекарданд. Дар баробари марказҳои дигар дар Суғд ва Хуросон, ҷамоати дайрнишинон дар Навбаҳор маркази тарҷума ва таҳрири матнҳо аз Ҳинд ва интиқол додани онҳо ба тарафи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё