Ҷаҳони Тоҷикон

шарқ, ба Чин буданд. Акнун Бармакиён ин анъанаро ҳамчун мусулмонон давом медоданд ва бо ин робитаро байни афкори шарқӣ ва Бағдод шакл медоданд. Маҳз Яҳё ибни Бармак буд, ки тарҷумаҳои матнҳои осори ҳиндиро дар соҳаи тиб назорат ва баъдан ҳамчун ҳомии фанҳои тиб дар Бағдод хидмат мекард».
Ба андешаи мо, гарави татбиқи бомуваффақияти амалияи буддоӣ (ҳиндӣ) дар тарҷумаи Бармакиён дар пойтахти нав, ки ин мутахассис нишон додааст, мавҷудияти як таҷрибаи пурқудрати маҳаллӣ – анъанаи тарҷумаи Сосониён дар «Гунде Шопур» буд. Дар ин ҷо дар асри III Сосониён маркази тарҷума ва омӯзиши матнҳои қадимаро, асосан, аз забонҳои юнонӣ ва қадимаи Сурия таъсис доданд, ки дар он, асосан, мутафаккирони масеҳӣ, ки бо сабабҳои гуногун империяи Византияро тарк карда буданд, фаъолият мекарданд. Акнун бо шарофати Бармакиён анъанаҳои хуросонӣ ва варорӯдӣ дар интиқоли афкори буддоӣ аз Ҳиндустон ба Шарқи Дур барои эҳёи суннати Сосониён оид ба интиқоли афкори қадим ба муосирон бомуваффақият истифода мешуданд.
Бешубҳа, муқовимати тӯлонии низомӣ бо Рум (Византия) аз як тараф ва аз тарафи дигар, васеъшавии Бағдод ва сарпарастии аҳли илм, фарҳанг ва санъат, бори вазнини андозро бар дӯши аҳолии хилофат бор кард. Халифа Ҳорун ар-Рашид, ки муддати тӯлонӣ, бинобар идомаи ҷанги муқаддас бо Византия дар пойтахт набуд, тибқи анъанаи Аббосиён, оилаи Бармакиёнро дар ҳама гуноҳҳо, ки такягоҳи қудрати халифа дар пойтахт буданд, айбдор кард. Ӯ пас аз қариб ду даҳсолаи гулгулшукуфии хилофат, соли 803 аз афзудани мавқею қудрати Бармакиён, ки тамоми ҳокимияти давлатии империяи бузург дар дасташон буд, ба ташвиш омада, ба ҷазодиҳии пайравони содиқи худ сар кард. Тибқи гуфтаи В.В. Бартолд фурӯ афтидани ин оилаи бузург пурра набуд, вақте ки Ҷаъфар замоне

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё