Ҷаҳони Тоҷикон

1.3. Муқовимати Суғд
Дар яке аз ҳуҷҷатҳои таърихии дар кӯҳи Муғ ёфтшуда (Зарафшони Тоҷикистон), яке аз фиристодаи ҳокими Суғд (Деваштич) – Фатуфарн, ба ӯ дар бораи вазъи ҳаракати зиддиарабии халқҳои Турон (Варорӯд), Ҳафтрӯд ва Дашти Бузург, ки дар даҳсолаҳои аввали асри VIII, вақте ки арабҳо ҳамлаҳои худро ба соҳили рости Амударё шадидтар карданд, хабар медиҳад. Ин номаи таърихӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки «қалб»-и муқовимати зидди арабҳоро дар Варорӯд ва ҳудудҳои ҳамсоя Суғди кӯчак, вале хеле ғанӣ роҳбарӣ менамуд.
Қадимтарин матнҳои суғдӣ (с. 313), ки 30 сол қабл аз ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ, аз «Ҳазор ғори Буддо»и Могао, дар наздикии «Дарвозаи Чин» (Дунхуан), пайдо шуда буданд, дар бораи мавҷудияти робитаи устувори муносибат (яъне тиҷоративу иқтисодӣ) байни Самарқанд ва мустамликаҳои дурдасти суғдиён на танҳо дар ҳавзаи Тарим, балки дар Долони Гансу (шаҳрҳои муосири Ланчжоу, Увей ва ғ.) шаҳодат медиҳанд. Чор мактуби суғдӣ, ки ҷузъи коллексияи бузурги сайёҳи машҳури бритониёӣ Аурел Стейн мебошад, ки ӯро аз як роҳиби маҳаллӣ ба даст овардааст ва онро як олими дигари машҳури бритониёӣ, профессор Николас Симс- Уилямс кушодааст, оид ба равобити наздик ва мунтазами Суғдиён ва Чини дур ахборот медиҳад. Дар ду мактуб (№ 1, 3) дар бораи вазъияти вазнини зане хабар дода мешавад, ки аз паси шавҳараш аз Самарқанд ба Дунхуани Чин сафари дурударозе (бо модараш) кардааст ва бинобар набудани молия ва дӯстони наздик дар вазъияти душвор қарор дорад. Ду мактуби дигар (№2, 5) намунаҳоеро аз фаъолияти тиҷоратӣ ва молиявии муаллифони нома

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё