Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

хуннҳо, робитаҳои суғдиён бо чиниҳо мунтазам ва устувортар гардид, зеро назорати сиёсӣ ва маъмурии чиниҳоро қабул карда, фаъолияти худмухтории тиҷоратӣ ва иқтисодии худро нигоҳ доштанд.
Дар асрҳои минбаъда, ҳукмронии тиҷоратӣ-иқтисодии худро дар минтақа васеъ карда, забони суғдиро ба забони асосии (lingua franca) Шоҳроҳи Абрешим табдил дода, онҳо дар сари «гаҳвора»-и пайдоиши Ҳоқонии Турк истоданд.
Туркшиноси машҳури рус С.Г.Кляшторний дар асоси ривояти қадимаи туркҳо (асри VI), ки таърихнигорони Чин сабт кардаанд, менависад, ки туркҳои қадим чун саравлоди худ модаргургро мешуморанд, ки тибқи ин ривоят даҳ писар таваллуд кардааст; ин писарон бо занони Турфон издивоҷ мекунанд; яке аз писарон – Ашина (номи суғдӣ), номи худро ба қабилаи навзоди худ медиҳад; баъдтар роҳбарони авлоди Ашина хешовандони худро ба Олтой мебаранд ва дар он ҷо онҳо қабилаҳои маҳаллиро сарварӣ намуда, номи суғдӣ «турк»-ро мегиранд.
Тавре ки дар ҳавзаи Тарим маълум гардид, дар вақти пайдоиши Ҳоқони турк, аҳолии суғди ва тахориён бартарӣ доштанд, ки ин дар этногенези халқҳои турк нақши муҳим бозида (тавре ки аз гуфтаи боло бармеояд, туркҳо бо занони суғдӣ оила барпо карданд), бешубҳа, ба анъанаҳои фарҳангӣ ва забони қабилаи навташаккулёфта таъсир расонд ва ба гуфтаи муҳаққиқ, “маҳз дар ҳамин ҷо равобити наздики туркӣ-суғдӣ оғоз ёфт, ки ба тамоми фарҳанг ва давлатдории туркҳои қадим таъсири бебаҳо гузошт. Дар Олтой қабилаи ашина қабилаҳои маҳаллиро тадриҷан дар атрофи худ муттаҳид кард, ки иттиҳоди нави қабилавӣ номи «турк»-ро гирифт.

пешина
аз 335
навбатӣ