Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

калониашро. - М. А.) ба юэчжиҳо ҳамчун гаравгон фиристод». Ин паёми пурарзиши таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки империяи бодиянишини сакои-кушониҳо нақши аввалин монеаро дар роҳи тавсеаи сиёсати ғосибонаи минбаъдаи пурқуввати хуннҳо ба заминҳои муқимии (Чин ва ҳавзаи Тарим, ки дар онҳо мардуми муқимии Эрони шарқӣ– суғдиён зиндагӣ мекарданд), бозӣ мекарданд, ки ҳамчун як иттифоқчии табиии муқимии Чин амал карда, инчунин раванди зуд муттаҳидшавиро аз сар мегузаронд.
Дар марҳилаи ибтидоии ин муқовимат ташаббуси ҳарбӣ-сиёсӣ дар тарафи сакои-кушониён буд. Тавре ки Сима Сян менависад, ки онҳо «ба сюнну (хуннҳо – M. A.) бо чашми нафрат менигаристанд», ин аз он шаҳодат медиҳад, ки афзалият дар идоракунии давлатӣ дар дасти сакоиҳо буд. Тавре ки мутахассиси рус менависад: «Онҳо аввалинҳое буданд, ки дар даштҳои Осиёи Миёна як империяи бодиянишини қадимӣ, бо сарварии ҳокими ягона, ки лашкари то 100 ҳазор савора дошт, ташкил карданд».
Пас аз пурқувват гардидани хуннҳо ва зарбаҳои вазнин зидди амлокдорони дирӯзаи худ сакои- кушониҳо ( юэчжиҳо) ва муҳоҷирати маҷбурии онҳо ба ғарби дур (ба болооби ҳавзаи дарёи Вахш) ва радди бозгашти онҳо ба ватани таърихии худ (Гансу) вазъият куллан тағйир ёфт. Суғдиҳое, ки аз соҳилҳои Сир то канори ғарбии Девори Бузурги Чин шабакаи васеи ҳудудҳои мустамликадорӣ эҷод карда буданд, бо чиниҳои қадим муштарак дар ташаккулли Шоҳроҳи абрешим фаъолиятро сар намуданд.
Пас аз муҳоҷирати халқҳои ба ҳам наздик сакои-кушониҳо, суғдиён дар ҳавзаи Тарим ва минтақаҳои ҳамсоя бо чиниҳо, ки тавассути долони Гансу ба самти шимолу ғарб ҳаракат карда буданд ва хуннҳо, ки бо Чин барои бартарӣ доштан дар ин минтақа рақобат мекарданд, ҳамкорӣ менамуданд. Пас аз пирӯзии чиниҳо бар 1Сыма Цянь. Исторические записки (Ши цзи).Т.VIII. , с. 327.

пешина
аз 335
навбатӣ