Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

турк барои мероси ҳайтолиён суғдиҳо дар тарафи иттифоқчиёни нав (туркҳо) буданд.
Аз ин рӯ, масъала дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ ва дипломатӣ бо Рум (Византия), харидори асосии матоъҳои абрешим ба миён омад. Дар он ҷо бояд на танҳо маҳсулоти абрешимбофии худи суғдӣ, балки миқдори зиёди ашёи абрешимӣ аз Ҳоқони Турк ҷамъшуда, ки дар шакли ҷуброни низомӣ ва андозҳои нав аз кишварҳои забтшуда ба даст оварда шуда буд, ба фурӯш бароварда мешуд.
Эътибори савдогарони суғдӣ, ки аз ибтидои пайдоиши Шоҳроҳи Абрешим васеъ паҳн шуда буд, ин вақт шуҳрати суғдиён боз афзунтар шудан гирифт. Солҳои 60-уми асри гузашта дар калисои шаҳраки Юи Белгия, ки дар он навъи матоъ бо навиштаҷоти суғдӣ пайдо шуд, ки дар он номи «занданечи»-аз номи деҳаи Зандана дар наздикии шаҳри Бухоро пайдо гардид. Ӯ ба яке аз коршиносони барҷастаи Эрмитажи Русия А.А. Иерусалимская имконият дод, ки гурӯҳи калони абрешимҳои дар Аврупо ва Туркистони шарқиро ҳамчун суғдӣ муайян кунад. Ин матоъҳо, бино ба маълумоти манбаъҳои хаттӣ, ба Ғарб ба таври васеъ содир карда мешуданд, ки ин имкон медод раванди ташаккул ва таҳаввули бофандагии абрешими суғдӣ дар асрҳои VII-IX маълум гардад».
Мавҷуд будани сатҳи баланди истеҳсоли бофандагӣ (абрешим)-ро дар Суғд боз як муҳаққиқи дигар тасдиқ мекунад ва менависад, ки: «Тибқи маълумотҳои бостоншиносӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки матоъҳои абрешимӣ дар Суғд, Самарқанд, Фарғона, Бухоро, дар ҳавзаи дарёи Тарим истеҳсол карда мешуданд. Намунаҳои абрешими суғдӣ то Донг Хуан (шаҳри Дунхуани Чин. – М.А.) расидаанд ва дар наздикии Девори Бузурги

пешина
аз 335
навбатӣ