Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чин бисёр дастнависҳои суғдӣ ёфт шудааст. Истеҳсоли бофандагии Суғдӣ пурқудрат буд ва молҳои истеҳсолшуда ба ҳудудҳои хеле дур аз он содир карда мешуданд.
Шукуфоии иқтисодии Варорӯд ва минтақаи асосии он – Суғд, ки дар асоси тиҷорати миёнаравии байналмилалӣ ва истеҳсоли абарқудрати бофандагӣ таъсис ёфта буд, инчунин ба бозори хориҷӣ нигаронида шуда, дар якҷоягӣ бо фарҳанги баланде, ки ба хатти худ асос ёфта буд, имкон дод, ки дар сатҳи муносибатҳои байналмилалии он давра нақши намоён бозанд.
Ҳамин тариқ, дар нимаи дуюми асри VI зарурати фаврии фурӯши абрешими коргоҳҳои худ, транзити абрешимҳои чинӣ (ва таримӣ), инчунин абрешими дар ҳампаймонҳои нави худ – туркҳо ҷамъшуда дар шакли хироҷ ва ғаниматҳо, суғдиёнро водор сохт, ки бо кишварҳои пурқудрати тавонои он замон - Эрони Сосониён ва Византия ба муносибатҳои дипломатӣ бароянд. Маниах – савдогари суғдӣ, ки аз Истеми Хоқон иҷозатнома гирифта буд, ба Эрон рафт, ки абрешими суғдӣ-туркиро дар империяи Сосониҳо фурӯшад, вале шоҳаншоҳи Сосонӣ, дар ҳузури намояндагии дипломатии Маниах абрешимҳои овардашударо сӯзонд.
Дар ин ҷо, бори аввал як далели таърихӣ на дар бораи ҳамкории ду халқи ба ҳам дӯсту бародар (суғдиҳо ва форсҳо), балки рақобати шадиди байни онҳо ба мушоҳида мерасад.
Ба андешаи мо, роҳбарии сафорат ба давлати дуюми ҷаҳонӣ (Византия) аз ҷониби Маниах нишон медиҳад, ки Суғд дар дохили Ҳоқони турк мухторияти васеъ дошт ва суғдиён дар дарбори хоқон мавқеи хосса доштанд.
Туркҳои қадим, ки дар «давлати нимкӯчманчӣ» буданд ва муносибати қадимии мукаммали мусбат бо суғдиён доштанд,

пешина
аз 335
навбатӣ