Ҷаҳони Тоҷикон

ҷиҳати таҷрибаи бойи фаъолияти тиҷоратию дипломатӣ доштан, ин вазифаи муҳимро ба онҳо бовар карданд.
Ин сафорати Маниах, ки бо як «мактуби скифӣ» ва «абрешими беарзиш» ба Константинопол фиристода шуд, ҳадафи дутарафа дошт. Аввалан, дар шахсияти императори Рум шарики боэътимоди ҳарбӣ пайдо карда, муқобили Сосониён дар якҷоягӣ муқобилат кунад, дувум, дар шахси дарбори бойи Византия харидор барои абрешими суғдӣ пайдо намояд.
Рум (Византия) на танҳо аз имзои шартномаи сулҳ қаноат намуд, балки аз сафорати суғдии Маниах, ки соли 568 сафорати мутақобиларо бо роҳбарии Земарх, «стратег» (фармондеҳ.-М.А.)-и шаҳрҳои шарқӣ»-и империя фиристод, то ки, эҳтимол, ба қудрати давлати туркҳо ва фаровонии он кишвар боварӣ ҳосил кунад.
Масири сафорати Маниах ва сафорати мутақобилаи Византия характери зиддисосонӣ дошт, аз ин рӯ роҳи шимолии Роҳи Абрешим (шимоли баҳри Каспий - Кавкази Шимолӣ - Баҳри Сиёҳ) интихоб карда шуд, ки онро муҳаққиқони рус бо диққати том тавсиф кардаанд.
Ҳамин тариқ, муносибатҳои румӣ-суғдӣ-туркӣ бо сафоратҳои Маниах, Земарх ва Тағма (писари Маниах) ба анҷом нарасида, баръакс, саҳифаи нави дипломатияи ҷаҳонӣ кушода шуд.
Дипломатияи «даст дарози»-и суғдиҳо дипломатияи асрҳои миёнаро пурра мекард.
То замони юриши ҳарбии ҳокими машҳури араб Қутайба ибни Муслим зидди Варорӯд, суғдиён на танҳо дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, балки дар муносибатҳои сиёсию дипломатӣ бо Дашти Бузург ва Чин низ робитаи наздик доштанд. Аз ин рӯ, вуруди Суғд ва тамоми Варорӯд ба синаи ҷаҳони арабу ислом бе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё