Ҷаҳони Тоҷикон

Расадхонаи қадими маҳаллӣ таҳти сарпарастии ӯ рушд мекард ва ӯ таҳқиқотро дар як қатор дигар соҳаҳо, аз ҷумла муҳандисӣ ва пневматика дастгирӣ кард. Яке аз асбобҳое, ки бо дастгирии халифа Маъмун сохта шуда буд, то пайдоиши автоматизатсияи пневматикӣ дар асри ХХ бемисл буд. Дар Марв, ӯ инчунин фаъолияти тарҷумониро, ки аз замони таъсиси Бағдод дар он ҷо пеш бурда мешуд, равнақ дод. Ба ин муносибат, бисёре аз тарҷумаҳои даврии асарҳои илмии ба Бағдод мутааллиқ, бояд ки дар асл ба доираи илмии Марв мансуб дониста шаванд. Дарвоқеъ, тавре ки баъдтар Де Лейси О'Лирӣ дар асоси ҳама далелҳои маълум тасдиқ кард, «Хуросон канале буд, ки тавассути он маводи астрономӣ ва математикӣ ба Бағдод ворид мешуд».
Халифа Маъмун оқибат дарк кард, ки агар ба Бағдод кӯч набандад, ба ӯ хатари аз даст додани тамоми империя таҳдид мекунад. Вақте ки ӯ ба роҳ баромад, бисёр олимон ва муҳаққиқони Осиёи Марказиро ба ҳайати ҳамроҳонаш шомил намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё